Маросими дафни Ислом Каримов (Видео)

Ҷасади  раиси ҷумҳури Узбакистон,Ислом Каримов дар оромгоҳе дар паҳлӯи масҷиди Хӯҷаи Хизр ва наздикии маҷмааи «Шоҳи Зинда»-и шаҳри Самарқанд ба хок супурда шуд. Ҳукумати Узбакистон мегӯяд, дафни Ислом Каримов бино ба васияти ӯ бо риояи ойини мусулмонӣ сурат гирифтааст.

Рӯзи 3 сентябр телевизиони давлатии Узбакистон  эълон кард, ки намози ҷанозаи Каримов бо ҳузури даҳҳо тан, аз ҷумла раҳбарони баъзе аз кишварҳо дар масҷиди Регистон хонда шудааст. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳузур дошт.

Тобути Ислом Каримов, ки бо парчами ин кишвар пӯшонда шудааст, субҳи шанбе тавассути ҳавопаймо аз Тошканд ба Самарқанд бурда шуд. Дар миёни онҳое, ки тобути Ислом Каримовро аз Тошканд ба Самарқанд интиқол доданд, ҳамсараш Татяна Каримова ва духтари хурдиаш Лола Каримова-Тиллоева низ буданд. Вале духтари калониаш Гулнора Каримова ба мушоҳида намерасид.

Чуноне аз  навори телевизионҳои давлатӣ мушоҳида мешуд, ки садҳо тан дар Тошканд аз ду тарафи кӯчаҳои пойтахти Узбакистон ҷой гирифта, бо Каримов ки 27 сол ҷилави идораи давлат дар ин кишварро дар даст дошт, видоъ кардаанд. Баъзеи онҳо ба пешвози мошини ҳомили ҷасади ӯ гул партофтанд. Дар баъзе аз наворҳо гиряи сокинон ҳам шунида мешуд ва иддае аз онҳо дар суҳбат бо телевизионҳои давлатии Узбакистон марги раҳбари худро дардовар хонданд.

Ҳамин тавр, дар кӯчаҳои Самарқанд низ гуруҳи сокинон ҷамъ шуда, тобути Ислом Каримовро пешвоз гирифтанд.

https://www.youtube.com/watch?v=PqYSXMPeZcU

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *