9 гол дар вохӯрии «Истиқлол» бо «Хуҷанд»

Мухлисон  дирӯз бозии аз давраи 18-ум мавқуфмондаи байни дастаҳои  «Истиқлол» бо «Хуҷанд»-ро дар чемпионати 26-уми Тоҷикистон бошавқ тамошо карда, шоҳиди 9 тӯби воридшуда ба дарвозаҳои ҳар ду даста гардиданд.

Душанбегиҳо аввалин шуда, аллакай то  дақиқаи 34-ум бо ҳисоби 3:0 пешсаф шуданд. Аммо онҳо ин бартариро нигоҳ дошта натавониста, хуҷандиҳо то дақиқаи 81-ум ҳисобро баробар — 3:3 карданд. Ин душанбегиҳор ба худ оварду онҳо боз ду тӯбро ба дарвозаи меҳмонон зада, аз худ як тӯб гузаронданд. Натиҷаи вохӯрии мазкур 5:4 ба фоидаи «Истиқлол» ба қайд гирифта шуд.

«Хуҷанд» вохӯриҳояшро дар чемпионати имола ба итмом расонда, як бозии финалиро барои Ҷоми Тоҷикистон мегузаронад.

«Истиқлол» бошад, 4 вохӯрии мавқуфмонда бо дастаҳои «Барқчӣ» (дуто), КМВА «Помир» ва  «Ҳосилот» доир мекунад. Инчунин, чемпиони имсолаи кишвар 4 ноябр дар финали Ҷоми КФО-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  дувохӯрии нимфиналӣ барои Ҷоми Тоҷикистон бо тими КМВА «Помир» мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *