Чаҳор зан дар сархати хабарҳои ВКД

Як сокини Турсунзода дар бозор занашро латукӯб карда, 400 сомонӣ пулро маҷбуран аз дасти ҳамсараш гирифтааст.

Як сокини 26-солаи ноҳияи Вахш шаби 22 октябр ба шиками ҳамсари 19-солааш корд задааст.

Дар Душанбе як занро барои мошиндуздӣ дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон:

Зӯроварӣ нисбати зан ҷавобгарӣ дар пай дорад

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми октябри соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар бозори марказии ш.Турсунзода собиқ шавҳараш, марди 38-солаи сокини деҳаи Садоқат ӯро бе ягон асос лату кӯб карда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 400-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҳамсар

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 22-юми октябри соли 2017, тахминан соати 02:00-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 19-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 66-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии зани 66-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 38 ҳазору 700-сомонӣ ва 270000-рубли Федератсияи Россияро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавонзани мошиндузд

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2017, тахминан соати 06:40-дақиқа, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тайота-Карола”-ро, ки дар кӯчаи Р.Набиеви пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар гармо-гармӣ ҷавонзани 24-солаи сокини ш.Душанбе, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *