Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари ҷавони тоҷик, ки дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид, бо аҳли оилаашон аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ пазироӣ гардид.

Қабл аз ин дар фурудгоҳи байналмилалиии Душанбе маросим истиқболи ин варзишгари умедбахш баргузор шуд. Паҳлавони ҷавонро пайвандон, мухлисон ва масъулони соҳаи варзиш ба таври шоиста пешвоз гирифтанд.

Сомон дар шаҳри Иркутски Федератсияи Руссия таҳсил карда, ӯро мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин медиҳанд. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Аз ҷумла, ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 18-22 октябр дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия доир гашт, дар вазни -66 кг сазовори ҷои сеюм ва медали биринчӣ шуд.

Сомон соли равон, ҳамчунин дар Ҷоми Африқо (моҳи апрел, Тунис) ва Ҷоми Аврупо (моҳи август, Руминия) оид ба дзюдо миёни ҷавонон медали тилло ба даст оварда буд.

Аҳтам Абдуллозода аз дастовардҳи Сомони ҷавон изҳори қаноатмандӣ карда,  ба Сомон ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулии Кумитаи миллии олимпиро тақдим намуда, гуфт:

— Шумо панҷ соли охир дар Федератсияи Русия тамрин мекунед ва имкони аз номи он кишвар дар мусобиқаҳо ширкат намуданро доштед, вале Ватани худро интихоб намудед. Ин ғурур ва ҳисси миллии Шумо боиси ифтихори ҳар як варзишгари мамлакат мебошад. Ҳукумати кишвар ҳамеша хизматҳои варзишгаронро қадр менамояд ва мо дар мусобиқаҳои оянда ба шумо барои муаррифии давлату миллат муваффақиятҳои бештар таманно мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *