9 намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи Қазоқистон

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки аз 2 то 5-уми июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Дар мусобиқаи куштӣ зиёда аз 275 варзишгар аз 15 кишвар иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар (5 нафар дар куштии юнонӣ-римӣ, 4 нафар куштии тарзи озод) ба Қазоқистон мераванд. Дар куштии юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов (55 кг), Фирўз Мирзораҷабов (60 кг), Шероз Очилов (72 кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (82 кг), дар куштии тарзи озод Шамсиддин Ибодов (61 кг), Комрон Холов (65 кг), Муборакшо Қурбонбеков (70 кг), Файз Файззода (97 кг) ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *