9,1 миллиард киловатт-соат истеҳсоли барқ аз ду агрегати «Роғун»
Дар ду агрегати аввалини НБО-и «Роғун» аз ибтидои истифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст. Маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ин нукта имрӯз, 27 август зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун садо дод.
Ба таъкиди Сарвари давлат, соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст. Бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.
Вазъи корҳои сохтмонӣ, таъмини суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода додани иқтидори навбатии неругоҳ зарур шуморида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ