Боздошти Ҳоҷӣ Файз ва истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон

Баҳриддин Миров,  сокини шаҳри Ваҳдат дар шаҳри Челябински Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.  Номбурда  бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои ифротгароӣ, тамаъҷӯӣ, бандитизм, азобу уқубат ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 25-уми август  иттилоъ  дод. Баҳриддин Миров 45-сола буда, вазорат гуфтааст, ки ӯ бо тахаллуси “Ҳоҷӣ Файз” шинохта мешуд.

Ба иттилои ВКД, боздоштшуда бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои ифротгароӣ, тамаъҷӯӣ, бандитизм, азобу уқубат ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сокинон хост, ки агар мавриди озори Баҳриддин Миров қарор гирифта бошанд, метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *