Абдуҷалили Амон: Худро дар “Хирад” ёфтам!
Абдуҷалили Амон, ки то чанд сол пеш дар майдони рӯзноманигорӣ фаъолият мекард, ахиран ба кори тарҷума ва нашри осори серхонандаи ҷаҳонӣ рӯ овардааст. Марказе, ки ӯ бо ҳамкорон бо номи «Хирад» таъсис додаанд, имрӯз миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубияти хос пайдо намудааст. Китобҳои нашркардаи ин марказ бо самимият ва таваҷҷуҳи зиёд мутолиа мешаванд ва бисёре аз хонандагон онҳоро на танҳо мехонанд, балки ҳамчун роҳнамо дар зиндагӣ ва фаъолияти касбии худ истифода мебаранд. Бо Абдуҷалили Амон суҳбате анҷом додем, ки нукоти асосии онро манзури шумо мегардонем.
Худамро наёфтам…
– Акаи Абдуҷалил, шумо як муддат дар майдони рӯзноманигорӣ фаъолияти назаррас доштед. Аммо баъдтар ногаҳон аз ин фазо канор рафта, ба таъсиси як марказ рӯ овардед. Сабаби ин тағйир чӣ буд? Ҳадаф аз иваз кардани масири касбӣ ва шахсӣ дар чӣ ифода меёфт?
– Пеш аз ҳама, арзи салом, сипос ва эҳтиром ба шумо ва ҳамаи хонандагони арҷманд. Пеш аз таъсиси маркази «Хирад», чанд марҳилаи кориро таҷриба кардам. Нахуст дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик фаъолият доштам. Яке аз корҳои барои ман бисёр арзишманд дар он ҷо баргардонии китоби машҳури «Таърихи Табарӣ» буд, ки ҷилди ҳаштуми онро баргардон кардам… Баъдан, солҳои тӯлонӣ дар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» фаъолият кардам ва таҷрибаи ҷиддии журналистиро аз устодони хушном андӯхтам. Соли 2017, пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ, зери роҳбарии адабиётшиноси шинохтаи тоҷик устод Абдухолиқ Набавӣ, тасмим гирифтам дар самти илм ва таҳқиқ қадамҳои устувортар гузорам. Ба ҳамин хотир, як муддат дар Институти Аврупо ва Осиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баъдан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардам. Бо идораи фарҳанги Радиои Тоҷикистон ва телевизиони «Сафина» ҳамкорӣ кардам. Яъне худро қариб дар ҳама самтҳо санҷидам.
Тонни Ринер, қаҳрамони машҳури ҷаҳонии дзюдо боре гуфта буд: «Пеш аз он ки ба дзюдо биёям, чандин риштаи варзиширо санҷидам. Ҳар ҷо талош кардам, аммо эҳсос мекардам, ки он ҷо ҷои ман нест. Танҳо вақте ба дзюдо қадам гузоштам, фаҳмидам: ин ҳамон роҳест, ки ман бояд дар он бошам. Ин ҷо ман худро ёфтам».
Пас аз ин ҳама таҷрибаҳо ба хулосае омадам, ки бояд аз корҳои пароканда худро канор гирифта, тамаркузро ба як самт равона созам. Ният доштам ҷиддан барои ҳимояи рисолаи докторӣ омода шавам ва зиндагии худро ба андеша ва таҳқиқ пайванд диҳам.
Рӯзе, ҳангоми пажӯҳиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз ҷониби дӯстам, ки медонист танҳо ба пажӯҳиш машғулам, барои ҳамкорӣ бо ширкати «Коиноти нав» даъват шудам. Бо роҳбарияти ширкат дар симои соҳибкори хушном ва муваффақи кишвар Зафар Мирзо суҳбат кардем. Он кас пешниҳод карданд марказеро бо номи «Хирад» таъсис диҳем, ки мардумро дубора ба китобу китобхонӣ ошно ва дилбастатар гардонад. Мо бо камоли майл ин пешниҳодро қабул намудем. Ва маҳз бо дастгирии эшон дар замони буҳрони китобхонӣ ва нашри китоб, мо ба майдон баромадем. На барои исботи чизе, балки барои эҳё кардани як одати ҳамидаи инсонӣ: дӯст доштани китоб. Имрӯз «Хирад» на танҳо як марказ, балки як андеша ва як ҳаракат аст, ҳаракате, ки нишон медиҳад китоб ҳамоно метавонад зиндагиро дигар кунад, агар ба он бо ихлос рӯ оварем.
Вақте ки маро аз донишгоҳ хориҷ карданд…
– Бештари одамон то замоне ки воқеае ҷиддӣ дар зиндагияшон рух надиҳад, ба шинохти амиқи худ ва роҳи зиндагӣ намерасанд. Шумо низ, ки имрӯз ҳамчун як шахси муваффақ шинохта мешавед ва роҳи пурпечутоберо паси сар кардаед, мехостам бипурсам: лаҳзаи воқеии шинохти худ дар зиндагии шумо кай фаро расид?
– Саволи бисёр ҷолиб ва дардошно аст. Кайҳо боз мехостам маҳз ҳамин посухро дар як навор бо бинандагон дар миён гузорам. Аммо имрӯз онро ба шумо мегӯям. Тағйироти воқеӣ ва амиқе, ки дар ботини ман рух дод, он лаҳзае оғоз ёфт, ки маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Барои бисёриҳо чунин воқеа метавонад поёни роҳ бошад, шикаст бошад. Аммо барои ман, ҳарчанд дар аввал бисёр сахт буд, ба оғози як бедорӣ табдил ёфт.
Он рӯз ман бори аввал маҷбур шудам бо худ ростқавл бошам: бипурсам, ки ман кистам, чӣ мехоҳам ва чаро то имрӯз чунин зиндагӣ кардаам? Ҳама чизе, ки пеш аз он ба назар устувор менамуд, якбора фурӯ рехт. Яъне ҳифзи комили “Гулистон”-и С. Шерозӣ ва девони Ҳофиз, ки айёми мактабхонӣ ҳифз карда будам. Ва маҳз дар ҳамин фурӯрезӣ, аз нав сохтани худро оғоз кардам.
Он ҳодиса ба ман омӯхт, ки шикаст ҳамеша нишонаи нотавонӣ нест, баъзан он даъватест барои бозгашт ба худ. Аз ҳамон рӯз сар карда, ман ба зиндагӣ на ҳамчун як роҳе, ки бояд танҳо «дуруст» тай шавад, балки ҳамчун як мактаби бедорӣ ва худшиносӣ нигаристанро омӯхтам.
– Чаро шуморо хориҷ карданд?
– Ҳодисае буд, ки то имрӯз ҳам бароям пурсишбарангез мемонад. Он сол айёми имтиҳонҳои гузариш чун имрӯза, аз як нимсола ба нимсолаи дигар буд. Ман ба зодгоҳ рафта будам ва ҳангоми бозгашт ба шаҳр ҳодисаи ғайричашмдошт рух дод: тарма роҳро баст. Мо ду рӯз пурра дар ағба мондем, на роҳи бозгашт буд ва на имкони пеш рафтан.
Вақте роҳ кушода шуду ба шаҳр расидем, имтиҳон аллакай ҷамъбаст шуда буд. Дар он замон ҳарчанд талош кардам, аммо ҳеҷ гуна роҳ ё имкони барқарорсозӣ вуҷуд надошт. Ҳамин тавр, қарор бар он шуд, ки бояд соли дигар омада таҳсилро идома диҳам.
Соле, ки расман хориҷ шуда будам, барои ман ба як соли тамоман дигаргункунанда табдил ёфт. Он як солро пурра дар Китобхонаи онвақтаи Фирдавсӣ сипарӣ кардам. Субҳ мерафтам китобхона, ҳамон ҷо назди китобхона чойхона буд, наҳор мехӯрдам ва то бегоҳ ба мутолиа машғул мешудам. Метавонам бо итминон бигӯям: он сол яке аз бобарортарин солҳои зиндагии ман буд, маҳз ҳамон соле, ки аз донишгоҳ хориҷ шуда будам.
Албатта, намехоҳам бигӯям, ки хориҷ шудан хуб аст (механдад). Аммо ҳамин «баҳона»-и хориҷ шудан ба ман таконе дод, ки ҷаҳонбинии ботиниам куллан дигар шавад. То он замон мутолиаи ман асосан ба адабиёти классикиву муосири тоҷик маҳдуд мешуд. Пас аз он ҳодиса, оҳиста-оҳиста дари дунёи адабиёти Ғарб ба рӯям боз шуд. А. Камю, Ф. Кафка, Ж. П. Сарт, Ошо, Ҷ. Х. Ҷуброн ва дигарон.
Он сол ба ман омӯхт, ки баъзан роҳҳое, ки ба назари мо баста мешаванд, дар асл моро ба роҳҳои амиқтару васеътар мебаранд, танҳо бояд ҷуръати истодан, хондан ва бозбинӣ кардани худро дошта бошем.

Ёд надорам, ки кай кор кардаам
– Аз тавлиди маркази «Хирад» пурсидан мехостам. Оё ин марказ воқеан дар як заминаи комилан холӣ ба вуҷуд омад ё пешзаминае дошт?
– Бале, метавон гуфт, ки «Хирад» қариб аз ҳеҷ оғоз шуд, аз як орзу ва як бовар. Никола Тесла як андешаи бисёр ҷолиб дорад дар бораи эфир. Ҳамон гуна ки мавҷҳои ноаёни эфириро мо дар телевизион мебинем, ба назари ӯ мағзи инсон низ як навъ «эфир» дорад. Яъне инсон метавонад пеш аз он ки чизе дар воқеият шакл бигирад, онро дар зеҳни худ бубинад. Инро метавон «назарияи эфир»-и тафаккур номид.
Ман «Хирад»-ро маҳз ҳамин гуна дар эфири зеҳни худ медидам: на ҳамчун як маркази одӣ, балки ҳамчун як фазои фикр, китоб ва тағйири ҷаҳонбинӣ. Медонистам, ки ин кор ҳатман амалӣ мешавад, аммо на бо осонӣ. Бо заҳмат, бо машаққат, бо сабр ва устуворӣ.
Аммо росташро гӯям, ман аз ин роҳ лаззат мебарам. Ин заҳмат маро хаста намекунад, баръакс, ба ман нерӯ мебахшад. Бовар мекунед ё не, дар тӯли 6-7 соли фаъолият дар ин ҷо, ман ҳатто як бор ҳам ба рухсатии меҳнатӣ набаромадаам. На аз он сабаб, ки маҷбур будам, балки аз он рӯ, ки кори дӯстдошта барои ман худ истироҳат аст.
«Хирад» барои ман на танҳо як марказ, балки идомаи андеша, эътиқод ва орзуҳост, орзуе, ки аввал дар зеҳн зиндагӣ кард ва баъд ба воқеият табдил ёфт.
– Яъне, кор ба як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии шумо табдил ёфтааст?
– Дурусттараш, инро кор номидан ҳам намехоҳам. Барои ман ин бештар истироҳат аст. Ҳатто ёд надорам, ки кай ба маънои маъмулии калима «кор» карда бошам. Ин машғулият барои ман лаззат аст, кайфият аст, як ҳолати хуби ботинист.
Вақте, масалан, як китоб рӯйи чоп меояд, ё нафаре бо эҳсос менависад, ки як матн ё як фикр зиндагии ӯро дигар кардааст, ё аз рӯйи як пости мо ҷасорат пайдо кардааст, то қадаме дар роҳи худ бигузорад, ҳамин лаҳзаҳо тамоми хастагиро аз байн мебаранд.
Ин эҳсосро бо ҳеҷ маош ё унвон муқоиса кардан мумкин нест. Зеро ту мебинӣ, ки корат ба дили инсон мерасад, таъсир мегузорад ва маъное эҷод мекунад. Барои ман, маҳз ҳамин аст кайфияти ҳақиқӣ, вақте ҳис мекунӣ, ки заҳматат бефоида нест ва ба зиндагии дигарон рӯшноӣ меорад.
– Маркази «Хирад» дар тӯли 5–6 соли фаъолият чӣ корҳоро ба сомон расонд?
– Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки то таъсиси «Хирад» китобҳои серхонандатарини ҷаҳон ба таври пайваста ва занҷиравӣ нашр намешуданд. Яъне хонанда имкон надошт як силсилаи пурраи китобҳои машҳурро дар як самт ё як равияи мушаххас дастрас кунад. Маҳз ҳамин холигиро то ҷое Маркази «Хирад» пур кард.
Аз рӯзҳои аввал мо тасмим гирифтем, ки фаъолияти худро бар се самти асосӣ бунёд намоем: – чопи китобҳои серхонандатарини ҷаҳон (бестселлерҳо), адабиёти бадеӣ ва китобҳои фалсафӣ ва андешасоз.
Вақте дар ҳамин се самт ба таври ҷиддӣ ба нашри китоб пардохтем, дар паҳлуи «Хирад» марказҳо ва ташаббусҳои дигар низ ба вуҷуд омаданд. Ростӣ, мо аз ин хеле хурсандем, зеро рақобати солим нишонаи зинда будани фазои китоб ва фарҳанг аст.
Ҷойи таъриф нест, вале бояд таъкид кард, ки бори аввал маҳз Маркази «Хирад» китобро ба супермаркетҳо ворид намуд. То он замон супермаркет ё маркази савдо асосан ҷойи маҳсулоти хӯрока ва лавозимоти рӯзгор ба ҳисоб мерафт. Илова бар ин, айни ҳол мо мағозаи мустақиле бо номи “Khirad Books” дорем, ки дар он на танҳо китоб харидан, балки китоб мутолиа кардан низ мумкин аст. Дар ин фазо шароити қаҳванӯшӣ, пур кардани қувваи телефон ва умуман муҳити орому мусоиде фароҳам оварда шудааст. Ҳадафи асосӣ як аст: ҷалби бештари мардум ба китобу китобхонӣ.
“Хирад” маркази тиҷоратӣ нест
– Мехостам пурсам, ки маблағгузори Маркази «Хирад» кист? Зеро имрӯз пеш бурдани фаъолияти як муассисаи хусусӣ бидуни пуштибонии ташкилот ё соҳибкори калон хеле душвор аст.
– Маркази «Хирад» пеш аз ҳама як лоиҳаи фарҳангӣ аст, на тиҷоратӣ. Мо китобҳоро на барои даромад, балки ба он хотир, ки битавонем китобҳои навбатии худро нашр кунем ва ин раванд қатъ нашавад, ба фурӯш мегузорем.
Агар рост бигӯем, аз ҳисоби фурӯши китоб зиндагии молиявии ҷиддӣ сохтан кори осон нест. Даромаде, ки ба даст меояд, бештар барои пӯшонидани хароҷот ва идомаи фаъолият масраф мешавад. Ба ҳамин маъно, «Хирад» қариб як маркази худтаъминкунанда аст.
Барои мо муҳимтар аз фоидаи моддӣ арзиши маънавӣ аст: он, ки китоб ба дасти хонанда мерасад, андеша тағйир меёбад ва муҳаббат ба мутолиа зинда мемонад.
– Бештари нафарон ҳангоми мутолиаи китобҳои “Хирад” як каме аз забони душвори бархе китобҳо, хоса “Ҳафт одати одамони муассир” ва “Чӣ гуна миллионер шудам?” нигаронӣ мекунанд. Пурсидан мехостам, ки дар тарҷума ва баргардониши осори хориҷӣ ба тоҷикӣ бо киҳо ҳамкорӣ мекунед?
– Саволи бисёр хуб аст ва ростӣ, саволест, ки бисёр вақт аз мо мепурсанд (механдад). Мо дар самти тарҷума бо тарҷумонҳои ҳирфаӣ ва соҳибтаҷриба ҳамкорӣ мекунем. Шояд овардани ному насаби ҳар кадоми онҳо дар ин ҷо зарурат надошта бошад, аммо итминон медиҳем, ки ҳама аз доираи мутахассисони соҳаанд.
Дар масъалаи тарҷума ман ҳеҷ гоҳ иддао надорам, ки мо беҳтарин ва бенуқсонтарин тарҷумаҳоро анҷом медиҳем. Вале як чиз қатъист: тамоми кӯшиш ва масъулиятро ба харҷ медиҳем, то сифати тарҷума рӯз ба рӯз беҳтар шавад.
Нуктаи дувум ва бисёр муҳим ин аст, ки худи хонанда низ бояд барои мутолиа омода бошад. Масалан, китобе чун «Ҳафт одати одамони муассир»-и Стивен Кови, ки шумо мисол овардед, дар муқаддимаи худи китоб равшан таъкид мешавад, ки ин асар бештар барои онҳоест, ки таҷрибаи на камтар аз 10 соли роҳбарӣ доранд. Табиист, вақте як донишҷӯ ё нафаре, ки бори аввал бо чунин адабиёт рӯ ба рӯ мешавад, китобро мутолиа мекунад, бо истилоҳҳо ва назарияҳое дучор меояд, ки бештар барои роҳбарон ва менеҷерон ошноянд. Дар чунин ҳолат китоб метавонад каме душвор намояд ва ин амри табиист.
Бояд як нуктаи муҳимро фаромӯш накунем: китобхонӣ худ фарҳанг дорад. Як бор хондану нафаҳмидан ҳатман маънои тарҷумаи “хароб”-ро надорад. Масалан, «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ бо пешсухани устод Муҳаммад Осимӣ дар замони шуравӣ аз ҷониби Академияи илмҳои Тоҷикистон тарҷума шудааст. Ин яке аз беҳтарин тарҷумаҳост, аммо барои ҳар хонанда фаҳмо нест. Оё ин маънои онро дорад, ки тарҷума заиф аст? Албатта не.

Оғози як марҳила
– Дар мавриди тренинги охироне, ки бо иштироки Алиризо Озмандиён баргузор намудед, пурсидан мехостам. Оянда боз бо иштироки кадом чеҳраҳои шинохта ташкили чунин машғулиятҳоро дар назар доред?
– Ҳадафи мо аз даъвати чунин меҳмонон пеш аз ҳама як чиз аст: ҷавонон мафҳуми воқеии муваффақиятро на аз китобу шиорҳо, балки аз забони афроде бишнаванд, ки худ ин роҳро тай кардаанд. Барои мо муҳим аст суханвар шахсе бошад, ки зиндагияш далели гуфтаҳояш аст, на баръакс.
Имрӯз вазъи ҷаҳон ҳаминро тақозо мекунад. Агар нигоҳ кунем, мебинем, ки қариб дар тамоми кишварҳои пешрафта чунин платформаҳо фаъоланд ва андешаи муваффақият, рушди шахсӣ ва тарзи фикрро шахсиятҳои амалгаро ба ҷомеа интиқол медиҳанд. Мо ҳам мехоҳем ҷавонони тоҷик аз ин раванд канор намонанд ва тасаввури онҳо аз муваффақият танҳо дар доираи орзу ё хаёл маҳдуд нашавад.
Тренинге, ки бо иштироки Алиризо Озмандиён баргузор шуд, як чорабинии одӣ не, балки оғози як раванд аст. Дар оянда низ ният дорем бо ҷалби чеҳраҳои шинохта ва соҳибтаҷрибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чунин машғулиятҳоро идома диҳем. Нафароне, ки на танҳо суханвар, балки соҳибмактаб, соҳибтаҷриба ва дорои ҷаҳонбинӣ ҳастанд.
Мақсади ниҳоии мо сохтани муҳитест, ки дар он фикр рушд мекунад, шуур васеъ мешавад ва ҷавонон худро қодир ба тағйир додани зиндагии худ эҳсос мекунанд.
– Маркази “Хирад” барои оянда чӣ нақшаҳо дорад ва кадом навгониҳоро дар назар гирифтааст?
– Нақшаи асосии мо хеле равшан аст: нашри ҳарчи бештари китобҳои арзишманд ва дастрас кардани онҳо ба хонандаи тоҷик. Мо мехоҳем китоб ҳамеша дар канори инсон бошад – дар хона, дар роҳ, дар ҷойи кор. Ҳамаи навгониҳо, хоҳ платформаҳои нав бошанд, хоҳ шаклҳои муосири китоб, дар ниҳоят барои расидан ба ҳамин ҳадаф хидмат мекунанд.
Мо ба сохтан бовар дорем
– Бештари мардум ба зиндагии ашхоси муваффақ таваҷҷуҳи хос доранд. Ба ҳамин хотир мехостам аз зиндагии шахсии шумо бипурсам: Абдуҷалили Амон дар зиндагии рӯзмарра низ ҳамонгуна аст, ки дар наворҳо дигаронро роҳнамоӣ мекунад?
– Ба ин саволатон беҳтар аст на худи ман, балки онҳое ҷавоб диҳанд, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд ё аз наздик мешиносанд. Зеро инсон ҳамеша худро аз дарун мебинад, аммо муҳит ва атрофиён беҳтар қазоват мекунанд.
Аммо агар кӯтоҳ бигӯям, ҳаёти ман қариб пурра ба кори мутолиа бастагӣ дорад. Бидуни муболиға, аз субҳ то шом бо китоб, тарҷума, таҳрир, сенариянависӣ машғулам. Ин ҳама аз рӯйи завқ аст. Ман ҳамин тарзи зиндагиро интихоб кардаам ва худро маҳз дар ҳамин раванд зинда ва пурмаъно эҳсос мекунам.
– Бо ин ҳама машғулиятҳо барои оила ҳам вақт меёбед?
– Бешубҳа. Банда оиладорам ва соҳиби се фарзанд. Барои ман оила ҳамеша дар ҷои аввал меистад, баъд аз он кор меояд. Кори воқеӣ ҳамон вақт баракат дорад, ки сутуни оила устувор бошад.
– 20–30 соли ояндаи худро чӣ гуна тасаввур мекунед?
– Мо бештар аз «тасаввур кардан» ба «сохтан» бовар дорем. Танҳо орзу карданро чандон қабул надорам, мо бештар ба тарҳрезӣ, меҳнат ва пайгирии ҳадафҳо такя мекунем.
Он чизе, ки пештар аз он ҳамчун «эфир» ёд кардем, имрӯз барои ман дигар як хаёл нест, балки нақшаи мушаххас аст. Мо Маркази “Хирад”-ро дар оянда ҳамчун як маркази пурқудрати маърифатӣ (хоулдинг) мебинем. Марказе, ки аз чанд бахш иборат буда, дар самтҳои гуногун фаъолият мекунад: нашри китоб, платформаҳои рақамӣ, омӯзиш, тренингҳо, муҳтавои фикрсоз ва рушди инсон.
Мақсади мо танҳо бузург шудан нест. Ҳадафи аслӣ хидмат ба ҷомеа аст. Рушди фарҳанги мутолиа, барои ҷаҳонбинии инсон. Оянда барои мо на як тасвири дур, балки идомаи мантиқии кори имрӯз аст. Агар имрӯз дуруст кор кунем, фардо худ ба худ шакл мегирад.
Суҳбаторо:
Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ