Абдурозиқ дар намоҳанги Моргернштен

Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери майдаҷуссаи тоҷик, ки чанде пеш мавзӯи ҷудошавияш бо продюсераш Барон дар сархати расонаҳо буд, ахиран дар намоҳанги рэпери машҳури рус Моргернштен нақш офарид.

Блогери тоҷик дар намоҳанг суруд намехонад, балки танҳо бо мимикаҳои ба худ хос нақшофарӣ мекунаду халос.

Гуфта мешавад, ки ин аввалин рэп бо намоҳангаш аз ҷониби рэпери рус Моргернштен мебошад, ки пас аз фирораш аз Русия пешниҳоди ҳаводорон гашт.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Барон, рэпер ва продюсери блогер ва овозхон Абдурозиқ дар саҳифаи “Ютуб”-и худ расман аз қатъи ҳамкорӣ гуфта буд. “Мо Дубай рафтем ва Абдурозиқ гуфт, ки ман дигар ҳамроҳи шумо кор намекунам. Шумо пулҳои маро хӯрдед!”,- гуфт Барон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *