Афзалшо ва Юлдуз дар Хуҷанд дуэт мехонанд?
Санаҳои 8 ва 9-уми май соати 17:00 дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ таҳти унвони «Дар домони баҳор» баргузор мегардад.
Интизорӣ меравад, ки дар доираи барномаи консертӣ Афзалшо Шодиев ва Юлдуз Усмонова якҷо суруд мехонанд.
Бояд гуфт, ки Афзалшо Шодиев соли гузашта ба синни 60 расид. Мавсуф аз зумраи шинохтатарин ҳофизони кишвар аст, ки бештарини сурудаҳояш дар забону хотираи хурду бузург ҳифз шудаанд.
— Ман умрамро бо халқ гузаронидам, дар хушиҳои халқ бо онҳо будам ва дар талхиҳояшон гиристам. Барои онҳо бештар аз 400 суруд эҷод кардам, ки имрӯз ба ҳар ҷойе меравам, бароям аз сурудҳое мегӯянд, ки худам кайҳо боз фаромӯш кардаам. Аз ин рӯ, аз халқ бузургтар тарозу нест ва пас аз Парвардигор, ин халқ аст, ки инсонро қадр мекунад ва иззату обрӯ мебахшад,- гуфтааст Афзалшо Шодиев дар яке аз суҳбатҳои худ бо рӯзноманигорон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ