Афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024
Имрӯз, 13 феврал дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод, ки дар соли 2024 дар кишвар 22 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 996 ҳолат бештар мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, афзоиши ҷинояткорӣ дар чанд самти ҷиноятҳои вазнин мушоҳида мешавад:
🔹Одамкушӣ ва сӯиқасд ба он: 75 ҳолат (соли 2023 – 57);
🔹Роҳзанӣ: 28 ҳолат (соли 2023 – 19);
🔹Ғоратгарӣ: 86 ҳолат (соли 2023 – 107);
🔹Таҳқири номус: 41 ҳолат (соли 2023 – 47);
🔹Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ: 117 ҳолат (соли 2023 – 129);
🔹Авбошӣ: 1 663 ҳолат (соли 2023 – 1 414);
🔹Қаллобӣ: 3 480 ҳолат (соли 2023 – 2 762);
🔹Дуздӣ: 3 858 ҳолат (соли 2023 – 4 241);
🔹Нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ ғайриқонунӣ: 31 ҳолат (соли 2023 – 35);
🔹Тамаъҷӯӣ: 61 ҳолат (соли 2023 – 47);
🔹Мубодила, тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли маводи нашъаовар: 745 ҳолат (соли 2023 – 578).
Вазир таъкид кард, ки мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон аз авлавиятҳои асосии ҳукумат боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ