Афзоиши тиҷорати Тоҷикистон бо Русия

Тоҷикистон дар феҳристи ҳафт кишваре шомил аст, ки Русия бо онҳо табодули колоро афзоиш додааст. Ин омор аз рӯйи натиҷаи соли 2024 бармеояд, ки РИА “Новости” онро дар асоси оморҳои миллӣ ҳисоб кардааст.

Тиҷорати Тоҷикистон бо Русия дар соли гузашта 15,5% афзуда, ба 2 миллиард доллар расид. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Русия додугирифти мол бо кишварҳои ҳамсояро ба 66,3 миллиард доллар афзоиш додааст. Як сол пеш ин рақам 57,4 миллиард доллар буд.

Шарикони асосӣ Қазоқистон, Арманистон ва Ӯзбекистон боқӣ мемонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *