Академик Имомзода ба синни Пайғамбарӣ расид

Имрӯз, 28-уми апрел Муҳаммадюсуф Имомзода, академик, узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба синни Пайғамбарӣ расид.

Муҳаммадюсуф Имомзода дар ноҳияи Темурмалик (дар гузашта Советский) таваллуд шуда, соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст.

ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ

1981-1984 — лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1984-1985 — муҳақиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ;

1985-1991 — аспирант, ходими хурди илмии забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

1991-1999 — лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

1999-2004 — декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2004-2012 — ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;

2012-2020 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

24-уми январи соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

21-уми феврали соли 2022 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ

Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ менамояд. Муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад. Осори илмию методии профессор Муҳаммадюсуф Имомзода аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд. Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажуҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёдгузорӣ шуд. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.

ҚАДРШИНОСӢ

Бо ордени «Дӯстӣ» ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия сарфароз гардонида шудааст.

Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj мавлуди соҳибҷашнро муборакбод гуфта, барояшон саодати рӯзгор таманно доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.