Академик Имомзода соҳиби ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” шуд

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода барандаи ҷоизаи башардӯстонаи ИДМ “барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф” гардид.

Дар ин бора Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.

Гуфта мешавад,ки ба интихобшудагон Диплом, Нишони фахрӣ, шаҳодатнома, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2 миллион рубли русӣ дода мешавад. 

Ин ҷоиза солҳои гуногун ба намояндагони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла навозандагон, рассомон, филмсозон, адибон, дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҷоизаи бонуфузи “Ситораи Иттиҳод” соли 2009 таъсис ёфта буд.

Ҳар сол намояндагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ин иттиҳод саҳм гузоштаанд, қадр мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *