Одинаев

Академик Одинаев соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ ва 2 миллион рубл шуд

Академик, доктори илмҳои физика, профессор Саидмуҳаммад Одинаев барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардид

Ӯ дар гузашта ректори ду муассисаи олии бонуфуз — Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Маросими супурдани ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” рӯзҳои 11-15-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ хабар додааст, ки ба ҳашт барандаи ҷоизаи мазкур барои соли 2023 дар бахшҳои гуногун диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома супорида мешавад. Ин ҷоиза мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 миллион рубл низ дорад.

Ҷоизаи бонуфузи «Ситораҳои Иттиҳод» аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ин иттиҳод моҳи майи соли 2009 таъсис ёфтааст. Ҳар сол намояндагони давлатҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолияти башардӯстона, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд ва дар рушди ҳар як кишвари узви ин иттиҳод ва ҳам дар маҷмуъ саҳм гузоштаанд, мукофотонида мешаванд.

Солҳои пеш нависандаи маъруф Тимур Зулфиқоров, ҳунарманди шинохта Ибодулло Машраб, рассом Вафо Назаров, директори Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Қоҳирова, доктори илмҳои математика ва пофессор Мирганд Шаҳбозов ва дигарон соҳиби ин мукофоти байналмилалӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *