Алоқа барои бонк
Чӣ тавр имкониятҳои телекоммуникатсионӣ дар фаъолияти ташкилоти молиявӣ кӯмак менамоянд?
“Алиф” аллакай зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеи пешсафро соҳиб буда, ба мизоҷон хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва имкониятҳои рақамиро пешниҳод менамояд. Яке аз шарикони боэътимоди бонк дар соҳаи телекоммуникатсия “МегаФон Тоҷикистон” ба шумор меравад. Доир ба он, ки чӣ тавр имкониятҳои телекоммункатсионӣ дар нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ва самаранокӣ кӯмак мерасонанд, Сорбонбек Рашидов, менеҷер оид ба рушди “Алиф” маълумот медиҳад.
– Шумо чӣ тавр оператори алоқаро ҷустуҷӯ мекардед ва ба кадом талабот он бояд мувофиқат мекард?
– Мо диққати асосиро ба якчанд омилҳои муҳимтарин равона карда будем. Дар навбати аввал мо устувории алоқа ва суръати интернетро ба инобат гирифтем. Барои тиҷорате, ки дар соҳаи молиявӣ амал мекунад, ин ниҳоят муҳим аст. Оператор бояд устувории кори ҳамаи хизматрасониҳои худро ҳатто дар дурдасттарин нуқтаҳо кафолат дода, инчунин имкониятҳои дигари махсус ва муносибро барои эҳтиёҷоти дигари бизнес пешниҳод карда тавонад.
– Чӣ тавр интернети мобилӣ ба фаъолияти ширкати Шумо мусоидат менамояд?
– Он фаъолияти муттасили терминалҳои пардохтӣ ва банкоматҳоро нигоҳ медорад, инчунин ба кормандони мо, ки SIM-кортҳоро барои роутерҳо истифода мебаранд, имкон медиҳад, ки ба мизоҷон дар тамоми минтақаҳои кишвар хизмат расонанд. Ба ҳамин васила мо хизматрасониҳои молиявии худро дар ҳама ҷойҳо пешниҳод менамоем.
Дар баробари ин, барои муоширати махсуси босамар дар AlifTech мо чунин хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ба монанди хизматрасонии огоҳкунии мобилӣ ё A2P-паёмакҳоро истифода мебарем. Он имкон медиҳад, ки огоҳиҳо оид ба намудҳои нави қарзгирӣ, иқдому рӯйдодҳо саривақт фиристода шуда, мизоҷон оид ба иҷрои хизматрасониҳо огоҳ карда шаванд.
– Хизматрасонии собити баландсуръатро Шумо чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Нақши ТМСБ дар такмили равандҳои тиҷоратии Шумо чӣ гуна аст?
– ТМСБ пайвастагии устувори баландсуръатро байни идораҳо таъмин менамояд, мо метавонем иттилоотро ба таври самаранок идора намуда, фаъолияти ҳамаи хизматрасониҳои дохилиро таъмин созем. Ин барои амалиётҳои марбут ба коркарди пардохтҳо ва транзаксияҳои молиявӣ махсусан муҳим аст. Ба шарофати ТМСБ мо ба мизоҷони худ суръату устувории хизматрасониро кафолат медиҳем, дархостҳою иттилоотро дар реҷаи вақти воқеӣ баррасӣ карда метавонем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ