Аловуддин АБДУЛЛОЕВ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Зиндагинома. Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

Аловуддин Абдуллоев субҳи панҷшанбеи 17-уми феврали соли 2022 бар асари сактаи қалб дар шаҳри Бохтар даргузашт.

Фаъолияти корӣ. Фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қӯрғонтеппа шуруъ намуд, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор кард, чандин сол роҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. Абдуллоев се соли ахири умр раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри соли 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant мебошад.

Эҷодиёт. Нақшҳо дар театр. «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» аз зумраи намоишномаҳоеянд, ки номбурда нақши марказӣ бозидааст. Дар филмҳои «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Дар бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон иштирок намудааст.

Барномаи махсуси телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин», ки қаҳрамонҳои шӯҳиҳояш аз рӯзгори атрофиён гирифта мешаванд ва аксар муаллиф худаш ҳасту якбора чанд нақшро меофарад, писанди умум гардидааст.

Қадршиносӣ. Ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ, Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ, Ҳунарпешаи халқии ҶТ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *