Амалиёти ИМА: Ал-Завоҳирӣ дар Кобул кушта шуд

Хадамоти марказии иктишофии ИМА рӯзи якшанбе ба Кобул ҳамла карда, Айман ал-Завоҳириро, ки ҷойгузини Бен Ладен шуда буд, нобуд кард. Мақомоти Афғонистон ҳамла ба пойтахтро тасдиқ карда, онро нақзи принсипҳои байналмилалӣ номидаанд.

— Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-Қоида (ташкилоти террористии дар Русия мамнуъ) дар Афғонистон кушта шуд. Ин амалиётро ХМИ гузаронида, он бо зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ анҷом дода шудааст,- хабар медиҳанд манбаъҳои Politico, Reuters ва Associated Press.

“Зарба ба Кобул зада шуд”,- менависад Reuters. Ба иттилои ин оҷонсӣ, ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишинро Толибон (ташкилоти террористии дар Русия мамнуъ) тасдиқ кардаанд. Сухангӯи ҳукумати Толибон Забеҳулло Муҷоҳид ҳамла ба Кобулро шадидан маҳкум карда, онро нақзи «принсипҳои байналмилалӣ» хондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *