«Амонатбонк» дар доираи панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намуд

Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони конфронси илмӣ-амалӣ  буданд.

Бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Роҳбарияти «Амонатбонк» иброз намуд, ки «имрӯз мо дар давраи тағйироти босуръати рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, ки барои тақвияти иқтисод ва фароҳамсозии дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ зарур аст, қарор дорем. «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявӣ дарк мекунад, ки дар ин марҳила таҳкими субот, бехатарии низомҳо ва муҳайёсозии замина барои навоварӣ ва дастгирии лоиҳаҳои рақамӣ афзалият дорад».

Таъкид гардид, ки бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар рақамикунонии равандҳои тиҷоратии соҳавии муассисаю ташкилоти давлатӣ таҳаввулоти муҳим ба вуҷуд омад. Дар ин замина фаъолияти ҳамоҳанги ҳама ҷонибҳо — давлат, бахши хусусӣ ва институтҳои молиявӣ тавассути ҳамраъйӣ ва эҷодкорӣ ба тақвияти иқтисоди рақамӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар конфронс  намояндагони вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ ва ширкатҳои инноватсионии IT- технологияҳо дар мавзуъҳои «Тамоюли рушд», «Пардохтҳои ғайринақдӣ – яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ», «Инноватсия дар заминаи Корти миллӣ:Tap to Phone қадами стратегӣ» ва «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дурнамои рушди он»  маъруза намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *