Чаро “Омӯзгор” боло рафту “Маданият” мурд?

(Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)

Шерализода баъди чанд лаҳзаи хомӯшӣ сигорашонро ба даст гирифта, оташ доданд, дуди аввалро бо оҳистагӣ ба ҳаво раҳо карданд ва бо нигоҳе ҷиддӣ гуфтанд:

– Ҳоло бигӯед, кор дар «Омӯзгор» чӣ гуна аст? Ман худам замоне дар «Маориф ва маданият» кор карда будам. Баъдтар ин нашрияро ба ду қисм ҷудо карданд: «Газетаи муаллимон» ва «Маданият». «Маданият» пеш нарафт, аммо «Омӯзгор» машҳур шуд. Ба андешаи шумо, асрори ин муваффақият дар чист?

Ман гуфтам:

– Пеш аз ҳама, дар шахсияти сармуҳаррир. Бобо Насриддинов на танҳо рӯзноманигори пуртаҷриба, балки нависандаи бомаҳорат буданд. Он кас бо каме дигаргунӣ мактаби Бӯринисо Бердиеваро давом доданд.

Ба матн ҷиддӣ муносибат мекарданд: танқид мекарданд, ислоҳ мекарданд, вале ҳамеша кормандонро рӯҳбаланд менамуданд.

Шерализода сар ҷунбонданд:

– Дуруст мегӯед. Муҳаррир шахсе аст, ки роҳу равиши рӯзномаро муайян мекунад. Агар худ касбӣ бошаду атрофаш касбиёнро гирд оварад, рӯзнома зинда мешавад. Агар не, аз рӯзнома танҳо ном боқӣ мемонад.

Ман афзудам:

– Ҳамин гуна ҳам шуд. Дар атрофи Насриддинов беҳтарин қаламкашон гирд омада буданд: Дорои Дӯст, Раҳматов, Сармад (Гадобой Ӯзбеков), Самеъ …, Мирзо Боқӣ… Ҳар кадом шахсияти мустақил, вале дар як фазои ягона. Баҳсу мунозира зиёд мешуд, аммо ҳамин баҳсҳо моро пеш мебурданд.

– Инро ман хуб мефаҳмам,- гуфтанд Шерализода бо табассум.- Ман ҳам дар «Маориф ва маданият» кор карда будам. Он вақт анъанаи Бӯринисо Бердиева идома дошт. Рӯзнома мактаби воқеӣ буд.

Сипас, бо садои оҳистатар илова карданд:

– Медонед, мо рӯзноманигорон аксаран дар пайи хабар мешитобем, аммо фаромӯш мекунем, ки рӯзнома танҳо хабарнома нест. Он рӯҳ дорад. Ва рӯҳро муҳаррир месозад.

Ман гуфтам:

– Бале, «Омӯзгор» ҳамин тавр машҳур шуд. Ҳар матлабашро хонандагон интизорӣ мекашиданд, зеро онҳо медонистанд, ки он ҷо сухани касбӣ, андешаи оқилона, таҳлил, пешниҳод ҳаст. “Танқид – меваи коммунизм”-ро дар он бе кофтан меёфтӣ.

Шерализода сар ба тасдиқ ҷунбонда, гуфтанд:

– Пас, асрори муваффақият равшан аст: сармуҳаррири касбӣ ва муҳити касбӣ. Ҳамин ду чиз барои ҳар рӯзнома муҳим аст.

Косаи зери нимкоса

То дер намефаҳмидам, ки ҳадафи суҳбати тӯлонии Шерализода бо ман чӣ буд. Аввал фикр мекардам, ки ин танҳо гуфтугӯи дӯстона аст. Аммо ниҳоят мақсади аслӣ рӯшан шуд.

Он кас баъди каме сукут, бо нигоҳе ҷиддӣ пурсиданд:

– Кори “Омӯзгор” бароятон писанд аст?

Ман бо қатъият гуфтам:

– Албатта, писанд аст.

Боз каме ба андеша рафтанд ва пурсиданд:

– Агар таклиф шавад, намехоҳед ба ҷойи дигар гузаред?

Ман ҳайрон шудам:

– Ба ҷойи дигар? Ба куҷо?

Он кас сигорро дуд доданду  гуфтанд:

– Мехоҳанд маро ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи навтаъсиси парлумон пешбарӣ кунанд. Аммо ихтисоси ман журналистика нест, ҳарчанд дар ин соҳа кор карда бошам ҳам. Мехоҳам дар паҳлуям журналисти касбӣ бошад.

Ман надонистам чӣ гӯям.  Он кас суханро давом доданд:

– Шумо хатмкардаи факултаи журналистика ҳастед, таҷрибаи корӣ ҳам доред. Медонам, ки бо рӯзномаҳои марказӣ ҳамкорӣ доред. Агар розӣ бошед, бо ҳам кор мекардем.

Ҳис кардам, ки Шерализода мехоҳанд ба ман такя кунанд. Не гуфта наметавонистам. “Ҳар чӣ шумо гӯед”,- гуфтам.

Он кас дасташонро ба китфам гузоштанду гуфтанд:

– Хуб, Маҳмадшариф, якҷо кор мекунем. Қарори Совети Олӣ 29-уми августи соли 1990 ба имзо расид. Баъди Русия мо дуюмин ҷумҳурием, ки соҳиби рӯзномаи мустақили парлумонӣ мешавем. Ин масъулият аст, масъулияти бузург. Мо бояд онро ба сатҳи воқеан касбӣ барорем.

Ҳамин тавр, он суҳбати хонагӣ барои ман оғози роҳи нав гардид.

«Садои мардум» ё «Овози халқ»

Соли 1990 дар сессияи Шурои Олӣ масъалаи таъсиси рӯзномаи парлумонӣ ва интихоби номи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Касе гумон намекард, ки масъалаи ба назар оддии номгузорӣ ба баҳси шадид табдил меёбад.

Варианти пешниҳодшуда «Овози халқ» буд. Бисёре аз депутатҳо ба ин ном майл доштанд.

Депутате аз қатори пеш бархоста, гуфт:
– «Овози халқ» соддаву равшан аст. Ҳар кас мефаҳмад, ки ин рӯзнома овози ҳақиқии халқро мерасонад.

Депутат аз қатори пеш бархост:
– Ман ҷонибдори «Овози халқ» ҳастам. Ин ном бевосита, равшан ва фаҳмо аст. Ҳар кас мефаҳмад, ки рӯзнома аз номи халқ сухан мегӯяд.

Дигаре ҳамроҳ шуд:
– Бале, «Овози халқ» таъсиргузор аст. «Халқ» калимаи бузург ва муқаддас аст.

Садои ризоият аз толор баланд шуд. Аксарият ҷонибдори ин ном буданд.

Аммо вақте навбат ба Муродуллоҳ Шерализода расид, ӯ ором бархост ва бо қадамҳои устувор ба минбар рафт. Бо нигоҳи ҷиддӣ ва лаҳни андешаманд гуфт:

– Ҳамтоён! Ман аз «Садои мардум» пуштибонӣ мекунам. Ва иҷозат диҳед фаҳмонам, ки ин интихоби ман бар кадом асос аст.

Толор каме ором шуд.

– Аввал, аз нигоҳи забонӣ,- гуфтан он кас.- «Овоз» мафҳуми ҷисмонӣ дорад: садое, ки мешунавем. Аммо «садо» васеътар аст. Садо метавонад овоз бошад, метавонад нидо бошад, метавонад хитоб ва ҳатто шеъру суруд бошад. «Садо» ҳам маънавист, ҳам моддӣ.

Ӯ лаҳзае таваққуф кард, сипас идома дод:

– Дигар, «халқ» бештар мафҳуми сиёсию идеологӣ аст. Онро солҳои зиёд истифода кардаанд, ҳатто ба маънои шиор. Аммо «мардум» ба дил наздиктар аст. «Мардум» маънои зинда дорад: падару модар, омӯзгор, деҳқон, донишҷӯ. Ҳар кас худро дар калимаи «мардум» мебинад.

Баъди нутқи ӯ чанд сар ҷунбид.

– Ва муҳимтар аз ҳама,- гуфт Шерализода бо овози баландтар,- «Садои мардум» баёнгари рӯҳ аст, на танҳо овоз. Он на танҳо гӯяндаи фикрҳо, балки шунавандаи дардҳо низ мебошад. Рӯзномаи парлумонӣ бояд ҳамин бошад: садои дили мардум.

Мо намоядагони мардум ҳастем, дар асоси раъйи мардум дар ин курсиҳо қарор дорем. Агар ҳадаф наздикӣ ба ҷомеа ва инъикоси зиндагии мардуми оддӣ бошад, пас «Садои мардум» номгузорӣ кардан беҳтар аст. Садо васеъ ва мардумӣ аст, на танҳо фикр, балки эҳсос, талаб ва дарди мардумро ҳам фаро мегирад.

Сукути толор. Суханони ӯ ба дилҳо нишаста буданд.

Раиси ҷаласа танаффус эълон кард. Депутатҳо гурӯҳ-гурӯҳ баҳс мекарданд. Чанд нафаре, ки қаблан ҷонибдори «Овози халқ» буданд, оҳиста ба тарафи Шерализода меомаданд ва эътироф мекарданд:
– Дуруст мегӯед. «Садои мардум» равону гӯшнишин аст, овоз каме гӯшхарош мебарояд.

Баъд аз танаффус боз Шерализода ба минбар баромад ва бо як ҷумла баҳсро ҷамъбаст кард:
– Агар мо мехоҳем ин рӯзнома мардумӣ бошад, бо мардум  бошад, пас беҳтарин ном «Садои мардум» аст.

Раъйгирӣ баргузор шуд. Натиҷа равшан буд: «Садои мардум» пирӯз гардид.

Аз хотироти Ато Ҳамдам

Ман аслан бо шахсияти Муродуллоҳ Шерализода ғоибона ошно будам. Эшон дар дастгоҳи Котиби якум ёрдамчӣ кор мекарданд, мо танҳо дар маъракаҳо вомехӯрдем, салому алейк мекардем. Охирин интихоботи қарни гузашта моро воқеан наздик кард: Муродуллоҳ аз Панҷакент ва ман аз Ҳисор вакил интихоб шудем ва дар бинои Шурои Олӣ ба ҳам омадем.

Ҳамкорӣ дар Шурои Олӣ сабаб шуд, ки ман ӯро бештар бишносам. Овозаҳо шунида будам, вале дар амал дидам: Муродуллоҳ зиёӣ ба маънои том, миллатдӯст ва инсони комил буд. Суҳбатҳое, ки дар танаффусҳо ё ҳангоми таъомхӯрӣ доштем, то ҳол дар ёдам ҳастанд. Ӯ бисёр хоксору фурӯтан буд, аммо ҳамзамон боғурур ҳам.

Замоне бо қарори Шурои Олӣ нашри рӯзномаи парлумонӣ ба миён омад, бояд сармуҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва котиби масъулро вакилон интихоб мекарданд. Якум ба вазифаи сармуҳаррир Муродуллоҳ Шерализода пешниҳод шуд. Ёдам нест, кӣ маро низ пешниҳод кард. Вақте номзадҳо ба овоздиҳӣ гузошта шуданд, аксарият ба ҷонибдории Муродуллоҳ овоз доданд ва ӯ сармуҳаррир интихоб шуд.

Аммо ин ҳеҷ гоҳ муносибати моро сард накард. Ман вазифаталаб набудам ва дар Шурои Олӣ вазифаи ҷонишини раиси комиссияро иҷро мекардам. «Садои мардум» аз шумораи аввал хеле босифат мебаромад. Замони ошкорбаёнӣ буд ва рӯзнома матолиби танқидиро бидуни тарс нашр мекард.

Ёдам ҳаст, ки дар ҷараёни сессияҳо баъзе вакилон суханони бемаъниву подарҳаво мегуфтанд. Ман як рӯз чанд ҷумлаи онҳоро қайд карда, матлабчае навиштам бо номи «Сесия-ул-луғот». Як рӯз қабл аз сессия онро ба дасти Шерализода додам. Ӯ дар байни ҷаласа мутолиа карда, бо табассум гуфт:
– Атоҷон, ин беҳтарин аст. Ҳамин шумора нашр мешавад.

Ҳамон ҷо идея доданд, ки ин гӯша идома ёбад. Ҳамин тавр, дар «Садои мардум» гӯшаи доимии «Сесия-ул-луғот» пайдо шуд, ки чанд вақт онро пеш мебурдам. Баъдан, албатта, баъзе вакилон хафа шуданд ва маҷбур шудем онро қатъ кунем.

Вале маҳз ҳамин ҷасорати Шерализода буд, ки иҷозат дод рӯзномаи парлумонӣ ҳатто худи вакилонро ба интиқод кашад. Бе ҷасорат, чунин нашрия маъруф намешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *