Амонатбонк: «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвоз

Дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Global Money Week, ки ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии кӯдакон ва ҷавонон дар саросари ҷаҳон баргузор мегардад, Амонатбонк дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ чорабинии фарогири омӯзишӣ доир намуд.

Дар ин чорабинӣ, ки бо ширкати зиёда аз 200 нафар муҳассилин, ҷавонон ва муштариёни бонк дар филиали №68-и ноҳия баргузор гардид, мутахассисони Амонатбонк ба иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои муҳими бонкдорӣ ва молиявӣ, аз ҷумла:

-хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат-мобайл»,

-истифодаи кортҳои пардохтӣ,

-нақши пул ва қоидаҳои дурусти истифодаи он,

-банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила ва нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки саволҳои худро дар мавзӯъҳои дахлдор матраҳ кунанд ва посухҳои муфассал дарёфт намоянд.

Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Амонатбонк баргузории чунин чорабиниҳоро як қисми муҳими масъулияти иҷтимоии худ дониста, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои қабули қарорҳои молиявии дуруст, минбаъд низ чунин барномаҳоро дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳандозӣ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *