Ёвон. Марги 5 узви як хонавода дар садама
Дар пайи як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Ёвон 5 узвия як хонавода, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Ҳодиса пас аз зуҳри рӯзи 25-уми апрел рух додааст. Калтаев Орзу, ронандаи 31-солаи “Mersedes Benz” ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ёвон ба самти деҳаи Ҷойламаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба канали обгузар сарозер шудааст.
Дар натиҷа, ҳамаи мусофирони дохили автомашина: модари ронанда Эламонова Муҳаббати 59-сола, ҳамсари ронанда Абдураҳмони Зубайдаи 27-сола, писарони ронанда – Калтаев Авазҷони 2-сола, Калтаев Муҳаммадҷони 4-сола ва янгааш Ғафорова Зуҳрои 52-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ