Аз нӯшокиҳои нерудиҳанда ҳам андози аксиз ҷорӣ мешавад

Аз 1-уми майи соли ҷорӣ барои нӯшокиҳои нерудиҳанда (энергетик) андози аксиз ҷорӣ мегардад. Мувофиқи он аз ҳар литри ин навъи нӯшокӣ 0,06 евро, ки тақрибан ба як сомонӣ баробар аст, маблағ ситонида мешавад.

Вобаста ба ин, дар қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Тоҷикистон воридшаванда” тағйирот ворид гардид. Дар асоси он, миқдори пардохти андози аксиз барои як қатор молу маҳсулоти дигар ҳам зиёд мешавад. Аз ҷумла, барои оби ҷави ғайриспиртӣ, обҳои маъданӣ ва газдори ширин ё хушбӯйкунанда ва дигар нӯшокиҳои ғайриспиртӣ (ғайр аз шарбатҳои мева ё сабзавоти мавқеи молии 2009) андози аксиз 0,04 евро, баробари тақрибан 0,5 сомонӣ барои як литр муайян шудааст. Ин маблағ пештар 0,03 евро (0,36 сомонӣ) буд. Барои оби ҷави ғайриспиртӣ бошад, ин маблағ ба 0,40 евро, баробар ба тақрибан 5 сомонӣ хоҳад буд. Ин маблағ пештар 0,35 евро (бештар аз 4 сомонӣ) буд.

Барои 1 литри майҳои табиии ангур бошад, 0.84 евро, баробар ба 10 сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки пештар 0,50 евро, яъне камубеш 6 сомонӣ буд. Ҳамчунин, меъёри андози аксиз барои спирти этилӣ ва шаробҳои дигари спиртӣ аз 3 то 4 евро (аз 36 сомонӣ то 49 сомонӣ) муайян гардидааст. Қаблан аз 2,5 (бештар аз 30 сомонӣ) то 3,5 евро (қариб 42 сомонӣ) буд.

Барои сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо 70 евро (тақрибан 859 сомонӣ) барои як тонна андози аксиз ситонида мешавад, ки пештар 55 евро (680 сомонӣ) буд.

Андози аксиз як навъи андози ғайримустақим ва махсус мебошад. Он барои молҳои муайяни зераксизӣ, аз ҷумла молҳои дорои таъсири манфӣ ба саломатӣ ва муҳит ҷорӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *