Амрико хадамаи танкери “Маринер”-и Русияро раҳо кард
Мария Захарова сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия эълон кард, ки Трамп шаҳрвандони Русияро аз киштии нафтбарӣ “Маринер”-и боздоштшудаи ИМА раҳо кардааст.
Захарова гуфтааст: “Мо аз ин қарор истиқбол мекунем ва ба роҳбарияти ИМА изҳори сипос мекунем”.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои ИМА киштии нафтбарӣ “Маринер”-ро , ки бо парчами Русия ҳаракат мекард дар уқёнуси Атлантика боздошт карданд.
Ин хабарро рӯзи чоршанбе, 7-уми январ дар нишсати хабарии доимӣ хабарнигорон сухангӯи Кохи Сафед хонуми Кэролайн Ливитт изҳор дошт.
Хонуми Ливитт гуфта буд: “Инчунин илова мекунам, ки дар бораи киштӣ ва экипажи он қарори судӣ барои боздошт содир карда шудааст ва ин маънои онро дорад, ки экипаж акнун барои ҳар гуна вайронкунии мувофиқи қонунгузории федералӣ ба судгоҳ кашида мешавад ва дар сурати зарурат барои чунин таҳти таъқиб қарор додан ба Иёлоти Муттаҳида бурда хоҳад шуд”.
Вазорати нақлиёти Русия ҳам аз боздошти танкери “Маринер” дар Амрико изҳори нигарони карда буд. Ва ин корро нақзи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи баҳрии соли 1982 хонада буд.
Мақомоти Русия гуфта буд: “Ҳеҷ як давлат наметавонад нисбати киштиҳое, ки дар қаламрави кишварҳои дигар ба қайд гирифта шудаанд, зӯроварӣ истифода барад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ