Анҷоми маъмурияти дипломатии Мануэл Микаллер дар Тоҷикистон

Мануэл Микаллер, Сафири Амрико дар Тоҷикистон, баъди анҷоми маъмурияти дипломатии худ  бо мардуми Тоҷикистон  хайрухуш кард.

Ӯ зимни як паём аз самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки рӯҳияи устувор ва саховатмандии онҳо умедро ба оянда дар қалбаш зинда нигоҳ медорад.

Сафири Амрико дар охир бо қироати ду мисраъ шеъри тоҷикӣ бо Тоҷикистон хайрухуш  гуфт:

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад.

Ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба фарҳанг ва адабиёти тоҷик арзёбӣ мешавад.

Мануэл Микаллер моҳи декабри соли 2022 ба ҳайси сафири ИМА дар Тоҷикистон таъин шуда буд ва дар давраи фаъолияташ ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Душанбе ва Вашингтон саҳм гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *