Ансамбли “Зебо” барои иштирок дар “Рақси лазгӣ” ба Ӯзбекистон рафт

Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» барои иштирок дар Фестивали байналмилалии “Рақси лазгӣ” ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, дар фестивали мазкур, ки то 30-юми апрел дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, 13 нафар ҳунармандони ансамбл таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода ва Директори генералии Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода иштирок менамоянд.

— Фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати “Рақси хоразмии лазгӣ”, мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқҳо тавассути санъати рақс дар ду сол як маротиба дар охири моҳи апрел баргузор мегардад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.