Арабистони Саудӣ Ўзбекистонро дар финал шикаст дод

Дар даври финалии Ҷоми Осиё-U23, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби олимпии Ӯзбекистон ва Араистони Саудӣ бозӣ карданд, ки бо пирўзии арабҳо ба охир расид.

Дастаи мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ дар ин мусобиқа ягон гол ба дарвозааш сар надодааст.

Дастаи Темур Кападзе дар бозии ҳалкунанда дар ҳузури беш аз 32 000 мухлис дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд аз тими Арабистони Саудӣ шикаст хўрд. Дар дақиқаи 49-ум Ҳамид Ал-Ҳамдӣ бо як зарбаи аъло ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 70-ум Руслан Ҷиянов ҳисобро баробар кард, аммо гол ба ҳисоб гирифта нашуд, зеро ҳолати нобозӣ будааст.

Дар дақиқаи 74-ум Фирас Ал-Бурайкан голи дуюмро зада, бо ҳамин ба ҳисоб хотима гузошт – 0:2.

Ба ин тартиб, Арабистони Саъудӣ дар байни дастаҳои ҷавонони Осиё бидуни шикаст дар ин мусобиқот пирўз шуд. Дастаи олимпии Узбекистон ҷйои дуюмро гирифт. Ҷойи сеюм насиби Ҷопон, ки Австралияро ноком кард, шуд. Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон низ дар ин муосбиқа дар як гуруҳ бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Араб ва Ҷопон бозӣ кард ва дар ҳамаи бозиҳояш ба шикаст мувоҷеҳ шуда, ба марҳилаи дигар роҳ наёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *