Арчаи солинавӣ 30-метра мешавад

Дар соли ҷорӣ  дар маркази Душанбе, назди  пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ арчаи солинавии 30- метраи қутраш 13 метра насб хоҳад шуд.

 Тибқи иттилои хадамоти матбуоти шаҳри Душанбе ороиши арча рӯзи  10-уми декабр поён хоҳад ёфт.

  Тайи солҳои охир ҳукумати шаҳри Душанбе талош дорад  ҳар сол арчаи баландтару бузургтарро насб намояд.

Дар соли 2017 дар маркази пойтахт арчаи баландиаш 25 метр, соли 2018 бошад арчаи бо баландии 28 метр насб карда шуда буд.

Акнун насби арчаи солинавии 30-метра дар таърихи  истиқлолияти Тоҷикистон бесобиқа унвон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *