Асосгузори KFC: Ҳамеша ба муваффақият бовар доштам

Ман аллакай чилсолаам, барои оғоз кардани тиҷорат дер шуд. Рақибон намегузоранд, ки рушд кунам. Як қаҳвахонаи хурд маро бой намекунад… Ин ҳама фикрҳои шахшудаанд ва миллионҳо нафарро аз орзуҳояшон дур месозанд. Аммо Ҳарланд Дэвид Сандерс, асосгузори KFC чунин фикр накард. Ӯ дар 47-солагӣ соҳиби як қаҳвахонаи хурде дар канори роҳ шуд. То 70-солагӣ ба миллионер табдил ёфт, ки номаш ҳоло дар беш аз 140 кишвари ҷаҳон шинохта шудааст.

Аз ошхонаи хурд то аввалин ресторан

Ҳарланд Дэвид Сандерс соли 1890 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вақте ки ҳамагӣ 6-сола буд, падараш аз дунё гузашт ва оила дар тангдастӣ монд. Дар синни 13-солагӣ ӯ маҷбур шуд, ки таҳсилро тарк кунад ва ба модараш дар нигоҳубини бародару хоҳараш кумак расонад.

Дар тӯли ҳаёташ Сандерс касбҳои гуногунро озмуд: кочигар, кондуктор, ёвари оҳангар, боркаш, коргари одӣ. Баъдан, ҳатто курсҳои ҳуқуқшиносиро хатм кард. Аммо ин соҳа ҳам касби дӯстдоштаи ӯ нашуд. То 40-солагӣ ӯ на манзили шахсӣ дошт ва на даромади устувор.

Сандерс як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ харид, вале даромадаш кам буд. Ӯ барои зиёд кардани фоида барои ронандагони гурусна стейк ва ветчина мепухт. Даромад тадриҷан афзоиш ёфт ва ӯ тавонист нуқтаи калонтаре харад, ки дар он як қаҳвахонаи хурд барои нишасти шаш кас ташкил кард.

Баъди даҳ соли фаъолияти соҳибкорӣ, соли 1940 Ҳарланд мотел харид ва дар он “Sanders Court & Cafe”-ро кушод. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ ретсепти машҳури мурғи бирёншударо ихтироъ кард. Ин таом чунон маъруф шуд, ки мунаққиди шинохтаи ошпазӣ Дункан Ҳайнс ресторанро ба рӯйхати беҳтарин муассисаҳои ғизои Амрико ворид намуда, мурғи Сандерсро «ганҷи миллии Кентукки» номид.

«Мурғи бирёншудаи Кентукки» ҷаҳонро тасхир мекунад

Бо гузашти вақт, шоҳроҳе, ки ресторан дар канори он ҷойгир буд, баста шуд ва ҷараёни муштариён қариб қатъ гардид. Сандерс ба варшикастагӣ наздик буд, вале бовар дошт, ки шуҳрати «Мурғи бирёншудаи Кентукки» ҳанӯз оянда дорад. Ӯ тамоми иёлоти ИМА-ро гашта, ба соҳибони тарабхонаҳо пешниҳод мекард, ки аз ретсепти махфии ӯ истифода баранд. Ба ивазаш танҳо тақрибан 4% аз фоида талаб мекард. Бисёриҳо розӣ мешуданд ва дере нагузашта, шабакаи франшизаҳои KFC чунон машҳур шуд, ки соҳибкорон худ барои ҳамкорӣ муроҷиат мекарданд.

Соли 1950 губернатори иёлоти Кентукки Сандерсро бо унвони ифтихории «Полковник» қадрдонӣ кард. Ин унвон ба шахсиятҳои машҳур дода мешуд. Ҳарланд ин нақшро бо ҳазл қабул намуд. Риши кӯтоҳ ва мӯйлаб гузошт, ҳамеша либоси сафед мепӯшид ва худро “Полковник” муаррифӣ мекард. Ҳамин тавр, ин образ ба рамзи асосии бренди KFC табдил ёфт.

Фурӯши бренд ва ҳаёти баъдӣ

Соли 1963, вақте ки Сандерс 73-сола шуд, идора кардани беш аз 600 франшиза барояш душвор гардид. Сармоягузорон иддао мекарданд, ки ӯ «соҳибкори хуб нест». Ниҳоят, ӯ брендро фурӯхт, вале аз фаъолият даст накашид.

Сандерс ресторани наве кушод, ки онро ба номи ҳамсараш «Клаудия Сандерс – Бонуи Полковник» гузошт. Аммо соҳибони нави бренд истифодаи ретсептҳои машҳурро манъ карданд. Бо вуҷуди ин, “Полковник” зиндагии таъмин дошт: ӯ пардохтҳои доимӣ мегирифт ва ҳамчун «рамзи зинда»-и бренд боқӣ монд.

Рушди минбаъдаи KFC

Дар солҳои 1960-ум KFC ба бузургтарин шабакаи фастфуд дар Амрико табдил ёфт. Ҳатто дар синни пирӣ Сандерс шахсан ресторанҳоро мегашт ва сифати таомҳоро месанҷид.

Пас аз даргузашти ӯ дар синни 90-солагӣ, бренд давраҳои душворро паси сар кард, аммо рушди байналмилалӣ қатъ нашуд. Дар солҳои 1990-ум номи Kentucky Fried Chicken кӯтоҳ шуда, ба KFC иваз гардид. Ин тасмим брендро боз ҳам шинохтатар кард.

Имрӯз KFC зиёда аз 25 ҳазор ресторан дар 140 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дорад ва яке аз пурқудраттарин брендҳои ғизои зудтайёр ба шумор меравад.

Муҳимтарин патенти KFC – US3245800, усули пухтани мурғ дар зери фишор мебошад. Илова бар ин, ширкат даҳҳо патент барои таҷҳизот, усулҳои пухтупаз ва ҳатто бастабандии худро дорад.

Ретсепти аслӣ аз соли 1940 инҷониб махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва яке аз арзишмандтарин дороиҳои ширкат ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд расонаҳо борҳо кӯшиши фош кардани онро кардаанд, KFC ҳамоно иддао дорад, ки сирри ҳақиқӣ танҳо дар сейфи махсус нигоҳ дошта мешавад.

Ҳаёту фаъолияти Ҳарланд Сандерс исбот мекунад, ки синну сол, нокомӣ ва душвориҳо монеаи муваффақият нестанд. Агар инсон ба худ бовар дошта бошад, аз кӯшиш даст накашад, ба ҳадаф мерасад.

Таҳияи Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *