Атрофи театри Хоҷа Камолро ҳамешасабз мекунанд (аудио)

— Дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи тавсияи мутахассисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда моҳҳои январ ва феврал мебошад, зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст.

— Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободонӣ барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои сабзу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳо дод,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.