Ҳабиб Нурмагомедов ба фурӯши “тезтайёр” машғул мешавад

Ширкати ҶСК «М-ит групп франчайзинг»-и марбут ба ҳарбкори рус, собиқ чемпиони UFC Ҳабиб Нурмагомедов тасмим гирифтааст шабакаи ошхонаҳои хӯроки тезтайёрро таъсис диҳад. Дар ин бора бо истинод ба маълумоти ширкати мазкур «Ведомости» хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки шабака таҳти бренди M-eat by Khabib фаъолият хоҳад кард. Нахустин фурӯшгоҳи тезтайёр аллакай дар манораи “Шаҳри пойтахтҳо” (Город столиц)-и “Москва-сити” ифтитоҳ гардида, ширкат мехоҳад то охири моҳи май боз 14 нуқтаи фурӯши дигарро дар Маскав ба кор дарорад. Арзиши таъсиси як нуқта 2-3 миллион рублро ташкил медиҳад, бинобар ин, арзиши оғози лоиҳа 28-42 миллион рубл арзёбӣ мешавад.

Пас аз оғози кор, ширкат берун аз пойтахти Русия ҳам фаъолият карданист. То охири соли 2023 дар панҷ кишвари дигар — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳи 150 нуқта дар назар аст.

Нурмагомедов ба ҳайси шарики шабака баромад мекунад. Ин аввалин ташаббуси ӯ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ нест. Вай қаблан бо бренди ғизои варзишии Fitroo бо номи Fitroo by Khabib нуқтаи дигар боз карда буд. Тарабхонаи «Папаха» ва қаҳвахонае дар Махачқалъа низ ба ӯ тааллуқ доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.