КДАМ: Раиси Хадамоти гумрук боздошт шуд

Раиси Хадамоти гумрук 40 сол дошта, дар ин мақом ҳамагӣ 1 сол  кор кардааст. Бино бар иттилои КДАМ, роҳбарият ва сардони бахшҳои ин ниҳод ба фасодкории густарда  даст доранд.

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ)  17-уми январ хабар дод.

Бино бар иттилои ин ниҳод, «аз фасодкории густарда дар Хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд».

КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.

Мақомот нисбат ба раиси Хадамоти гумрук дар асоси Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо моддаи «фасодкорӣ» парванда боз кардаанд.

Адилет Кубаничбеков 40 сол  дорад ва аз яке аз миллиардерҳои қирғиз ном бурда мешавад.  Ӯ  26-уми октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *