Табиб ҳадафи асосии «омикрон»-ро дар бадани инсон зикр кард

Табиби иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков дар мавриди он ки штамми коронавируси “омикрон” дар куҷо бештар паҳн мешавад, изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи мутахассис, ҳадафи аслии ин намуди “КОВИД-19” луобпардаи роҳҳои болоии нафас аст.

«Омикрон дар ҳуҷайраҳои луобпардаи роҳҳои болоии нафаскашӣ бештар паҳн мегардад ва назар ба штамми “делта” ба шуш шадидтар сироят мекунад»,- гуфтааст Крючков ба Ura.ru.

Вирусолог, ходими калони илмии Маркази ба номи Гамалея, доктори илмҳои тиб Анатолий Алтштейн ба чунин баҳогузории ҳамкасби худ мувофиқ аст. Олим ин хусусияти «омикрон»-ро аз ҷиҳати патогении штамм яке аз муҳимтарин хусусиятҳо номидааст.

Пештар сардори Маркази ба номи Гамалея Александр Гинтсбург гуфта буд, ки на танҳо варианти «омикрон», балки ҳама гуна штамми коронавирус метавонанд «ваксинаи зинда» шаванд, агар шахс ин бемориро гузаронида бошад. Аммо чунин «ваксина» оқибатҳои манфӣ низ дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.