Вуруди беш аз 1 миллион воя ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон (аудио)

Дар чаҳорчӯби барномаи COVAX аз ширкати амрикоии Moderna ба Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то имрӯз дар чаҳорчӯби механизми глобалии COVAX ва ҳамчун кумаки башардӯстона ба кишвар беш аз 9 миллион воя ваксина бар зидди коронавирус ворид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 3-юми июли соли гузашта дар Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ гардид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.