Завқӣ Завқизода

Завқизода: Гардиши савдо байни Тоҷикистону Хитой афзуд

Соли  2021 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Хитой нисбат ба соли 2020 78 фоиз афзудааст. Ҳиссаи савдо дар соли 2021 13,2 фоизро ташкил медиҳад, ки он дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ҷои 4-ум қарор дорад.

Ин нукта 17 январи соли 2022 дар Форуми «Хитой-Осиёи Марказӣ», ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, садо дод.

Дар ин форум  Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Муовини Сарвазир – Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон, Муовини директори генералии Саҳомии миллии нефту гази Хитой ва дигарон иштирок доштанд.

Тоҷикистонро дар нишасти мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин муаррифӣ намуд.

“Зимни суханронии худ қайд намуд, ки солҳои охир ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони давлатҳои иштирокчиёни Форум, аз ҷумла бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хитой босуръат рушд карда, ба сатҳи баланд баромадаанд. Ҳамчунин, Завқизода З.А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст”-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *