Авф шудани беш аз 600 зиндонӣ  дар Ӯзбекистон

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба муносибати 33-юмин солгарди Конститутсияи ин кишвар  615 зиндониро авф кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Ӯзбекистон ин фармон рӯзи  7-уми декабр имзо шуда, дар он зикр шудааст, ки 615  маҳбусон “аз кирдорашон пушаймон шуда, кӯшиши ислоҳ шуданро доранд”.

Дар  асоси фармони мазкур 220 зиндонӣ комилан аз маҳбас озод гардида, ҷазои дигарон сабуктар карда шудааст.

Дар миёни афвшудагон 29 нафар зан, 23 марди аз 60- сола боло, 264 нафар то 30 сола (2 ноболиғ) ва 29 нафар шаҳрванди хорҷӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *