Ҳаво имрӯз намеборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.

Имрӯз, 6 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-10 дараҷа ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво  шабона 3-2 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шуда, шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *