Президенти Русияро  дар Тоҷикистон ҳам интихоб мекунанд

Русия дар Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ин кишварро таъсис додааст, ки 18-уми март, яъне рӯзи овоздиҳӣ дар саросари Русия, фаъол хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони Русия, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд дар он рӯз ба яке аз нуқтаҳои овоздиҳӣ рафта, ба яке аз 8 номзади президентӣ раъйи худро бидиҳанд.Мария Жукова, сухангӯи сафорати Русия дар Тоҷикистон 5-уми март гуфтааст,ки  18-уми март қарор аст дар саросари Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия ташкил шавад. Дар шаҳри Душанбе имсол шаҳрвандони дорои шиносномаи Русия метавонанд дар Маркази мавсум ба “Россотрудничество” ё Маркази илму фарҳанги Русия ва дар шаҳри Хуҷанд дар бинои консулгарии Русия раъй диҳанд. Чаҳор маркази дигари овоздиҳии шаҳрвандони Русия дар қисмҳои низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон таъсис шудаанд. Лидия Исамова, хабарнигори оҷонсии РИА Новости дар Тоҷикистон гуфт, ки теъдоди шаҳрвандони Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ андак нест ва ба ин далел, мақомоти Русия талош дорад, ки шароити озоди раъйдиҳии шаҳрвандонашро таъмин созад.Соли гузашта бахши консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди Русия расман сабтином шудаанд ва дар тамоми кишвар теъдоди нафарони дорои шиносномаи Русия бамаротиб бештар аст.Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омори дақиқи шумораи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар даст нест. Аз ҷумла, Мария Жукова гуфт, ки бархе аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон ҳастанду бархе дигар дар Русия ё кишварҳои дигар ва теъдоди дақиқи раъйдодагон шоми 18-уми март баъди ҳисобу китоби овоздодаҳо, маълум мешавад. Вале ҳоло мақомоти сафорат шаҳрвандони Русияро барои додани овози худ рӯзи 18-уми март тавассути вебсайти сафорат даъват кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *