Ҳавои сард ва барфу борон дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 27 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва  боридани  борону барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8  метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боридани борону барф, (баъзан бошиддат) дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *