«Ғаюр Семент» ба донишҷӯён 1 миллион медиҳад

Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни аълохон, дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ фаъол иштироккунанда, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоати  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол ба сад нафар донишҷӯ 1 миллион сомонӣ маблағ ҳамчун кӯмак ҷудо намудааст, ки он ҳар сол ба маблаѓи 2 000 сомонӣ ба њар як донишҷӯ тӯҳфа карда мешавад.Имрӯз аввалин маросими супурдани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гардид, ки 100 нафар донишҷўи 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе соҳиби стипендияи мазкур гардиданд.

Дар маросими супоридани стипендияи мазкур намояндагони ин фонд, Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон ва омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Фонди мазкур тасмим гирифтааст, ки ҳар сол маблағи 200 ҳазор сомониро ба 100 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақдим намояд. Ин иқдоми фонди мазкур барои дастгирии молиявии донишҷўён мебошад.

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *