Аз Қатар ба Амрико. Президенти Тоҷикистон дар Давҳа чӣ гуфт ва чаро ба Вашингтон рафт?

4-5-уми ноябри соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми СММ оид ба рушди иҷтимоӣ, ки аз 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Давҳа баргузор шуд иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш Сарвари давлат бо амири Қатар Ҳамад оли Сонӣ ва Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дидору гуфтугӯ кард.

Аз байн бурдани фақр

Эмомалӣ Раҳмон 3-юми ноябр бо мақсади ширкат дар нишасти дуюми СММ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давҳа сафар кард. Дар ин нишаст роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ масъалаҳои аз байн бурдани фақр, таъмини кори шоиста, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро баррасӣ карданд.

4-уми ноябр Пешвои миллат дар ҷаласаи СММ суханронӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ гуфт, ки “таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад”.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон, ки 93% қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.

Бо ишора ба ин роҳбари давлат афзудааст, ки “кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд”.

“Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”,- зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш пешниҳод кардааст, ки Фонди ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ таъсис дода шавад, ки ба кишварҳо дар мубориза бо камбизоатӣ дастгирии амалӣ хоҳад расонд.

Дидор бо сарони кишварҳо

Ҳамчунин, ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафараш ба Давҳа бо амири Қатар ва раисҷумҳури Покистон мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни суҳбат бо Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар, ки рӯзи 4-уми ноябр сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон “аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар” изҳори қаноат карда, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳиро ба баррасӣ гирифтааст.

Президенти Тоҷикистон “иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ”-ро муҳим донистааст. 

Дар мулоқот бо Осиф Алӣ Зардорӣ бошад, рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карда, барои таҳкими робитаҳо таъсиси Шурои муколамаи стратегиро зарур донистааст.

 “Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд”,- навиштааст хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Аз Давҳа ба Вашингтон

Пас аз анҷоми сафар ба Қатар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми ноябр ба ҷаласаи “Осиёи Марказӣ – Амрико” ба шаҳри Вашингтон сафар кард. Ин ҷаласа рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.

Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯбекистонро барои иштирок дар ин мулоқот даъват карда буд.

Вашингтон таъкид карда буд, ки Амрико қасд дорад ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад ва 10-солагии қолаби дипломатии “C5+1”-ро ҷашн хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” як қолаби муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд.

Ин дувумин нишаст дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” хоҳад буд. Аввалинаш соли 2023 дар Ню Йорк дар ҳошияи Маҷмаи умумии СММ бо иштироки Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини ИМА ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Дар бораи ин нишаст ва аҳамияти он ба Тоҷикистон дар шумораи қаблии “Тоҷикистон” матлаби таҳлилӣ нашр шуда буд. Онро метавонед аз сомонаи pressa.tj мутолиа кунед.

Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон ва ҷузъиёти нишасти “Осиёи Марказӣ – ИМА”-ро низ аз сомонаи pressa.tj ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои “Фейсбук”, “Инстаграм” ва “Телеграм” пайгирӣ кунед.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *