Аз Хатлон ба Бадахшон, боз муовин. Юсуфӣ кист?

Имрӯз, 12 ноябр муовини якуми тозатаъини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолиятро оғоз кард. Ба ин вазифа бо розигии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мирзозода Низом Юсуфӣ таъин гардидааст.

Муаррифии кадри навтаъин дар назди роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолони ҷомеа зимни як ҷаласа бо иштироки  мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот сурат гирифтааст.

Музаффар Давлатзода зимни муаррифии муовини якуми навтаъин аз кордонию таҷрибаи мавсуф сухан гуфта, изҳор намудааст, ки Мирзозода Низом Юсуфӣ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт. Алишер Мирзонабот дар суханронияш қайд намудааст, ки МИҲД ВМКБ имруз ба чунин кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад.

Маълумотнома

Мирзозода Низом Юсуфӣ 10 — уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.  Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ мебошад. Номбурда фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кулобдеҳотсоз” шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.