Аз истеҳсол то рушди саноат. Соли 2026 иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Солҳои охир саноат ба яке аз бахшҳои муҳим дар иқтисоди миллии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо тайи ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 2,6 ҳазор корхонаи саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа беш аз 87 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Ин нишондиҳанда аз пешрафти воқеӣ дар татбиқи ҳадафи стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар шаҳодат медиҳад.
2,5 маротиба афзоиш
Дар солҳои 2019-2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат ба 22 фоиз расид, ки яке аз нишондиҳандаҳои баланд дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин пешрафт пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати мақсадноки давлатӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва фаъол гардидани бахши хусусӣ мебошад.
Рушди соҳаи маъдан
Соҳаи истихроҷи маъдан дар рушди саноат нақши калидӣ дорад. Агар соли 2020 ҳаҷми истеҳсол дар ин соҳа 7,7 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 26 миллиард сомонӣ расидааст. Чунин афзоиш аҳамияти соҳаи маъданро ҳамчун манбаи муҳими даромад ва ашёи хом барои саноати коркард боз ҳам тақвият медиҳад.
Яке аз дастовардҳои муҳим густариши номгӯи маҳсулоти истихроҷ ва коркарди маъдан мебошад. Агар соли 1991 танҳо се навъи маҳсулот – тило, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, имрӯз шумораи онҳо ба 17 намуд расидааст. Ҳамзамон, истеҳсоли тило ҳафт маротиба, нуқра шаш маротиба ва хокаи сурб нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст.
Ба андешаи коршиносон, ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари содиркунандаи ашёи хоми маҳдуд ба давлати дорои иқтидори гуногуни саноатӣ табдил меёбад.
Пешгӯӣ
Иқтисодиёти Тоҷикистон дар оғози соли 2026 рушди устуворро нишон медиҳад. Тибқи пешгӯии Бонки Авруосиёии Рушд (ЕАБР), суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 8,1 фоиз мерасад. Ин рушд асосан ба шарофати ҷалби сармоягузориҳо аз Русия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Чин, инчунин рушди инфрасохтор, кишоварзӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолоти нав, аз ҷумла маҳсулоти алюминий, мис ва бетон сурат мегирад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба саноатикунонӣ, навсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва беҳтар намудани долонҳои нақлиётӣ равона шудааст.
Сармоягузорӣ, сохтмони зиёда аз 300 километр роҳ
Соли 2026 тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Арабистони Саудӣ, Русия ва Чин дар назар аст. Ҳаҷми сармоягузориҳо афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бештар мегардад.
Сохтмони зиёда аз 300 километр роҳ дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Навсозии НБО-и «Норак» идома ёфта, корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Инчунин, навсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба беҳтар шудани таъмини нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон мусоидат мекунад. Соли равон истеҳсоли асал афзоиш дода шуда, стратегияҳои рушди соҳаи алоқа то соли 2040 таҳия мегарданд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ зиёд карда мешавад ва воридоти чорвои зотӣ идома меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ