Аз Кӯлоб ба Маскав парвоз хоҳем кард

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри нави Кӯлоб-Москва оғоз менамояд.

Парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе ба иҷро мерасанд. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ ва парвози аввалин тавассути ин хатсайр 30 октябр муқаррар шуда, парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, аз санаи 30 октябр парвозҳо аз шаҳри Хуҷанд ба Москва ба фурудгоҳи Внуково амалӣ мегарданд.

Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *