Содир Ҷабборов

Аз куҷо? Нархи либоси президент беш аз маошаш будааст

Дар давоми соли гузаштаи 2022 расонаҳо сарулибоси президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро 2,5 миллион сом, ё наздики 30 ҳазор долларҳисоб кардаанд, ки ба маротиб бештар аз маоши солонаи сарвари ин кишвар будааст.

Пойгоҳи хабарии қирғизии 24.kg навишт, ки арзиши танҳо ин чанд сарулибос дуюним маротиба бештар аз як миллион сом даромади солонаест, ки президенти Қирғизистон дар эъломияи солонааш ба Хадамоти андози ин кишвар ироа кардааст.

Президенти Қирғизистон дар соли 2021 наздики як миллион сом даромад доштааст. Ин арқомро ӯ дар эъломияи солонааш, ки Хадамоти андози Қирғизистон моҳи декабри соли 2022 нашр кард, нишон додааст. Бино ба ин санад, ҷамъи даромадҳои Содир Ҷабборов дар соли 2021 дар умум 997 ҳазору 803 сом, ё наздики 12 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин ба маъноест, ки ӯ ҳар моҳ 83 ҳазору 100 сом, яъне қариб 1000 доллар маош мегирад.

Ҷабборов ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки 60 сотих замини деҳқонӣ ва гараж дорад. Вале дар бораи ягон мошин ё молу мулки ғайриманқули дигар доштанаш ӯ иттилое надодааст. Дар бораи даромадҳои хешовандони наздики президенти Қирғизистон маълумоте дастрас нест. Нашрияи 24.kg навиштааст, ин дар ҳолест, ки нархи танҳо як курткае, ки Содир Ҷабборов дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони нерӯгоҳи Қуланак пӯшида буд, аз даромади яксолаи ӯ бештар аст. Дар Интернет нархи ин куртка 941 ҳазор рубл, ё 1 миллиону 264 ҳазор сом нишон дода шудааст, ки ин баробари 15 маоши моҳонаи Ҷабборов аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *