Аз Рӯдакӣ то Шерализода

Рӯзҳои 26-27 ноябр дар шаҳри Панҷакент ёдбуди 80-солагии ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рӯзноманигор ва нахустин сардабири нашрияи «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализода баргузор гардид.

Дар ибтидо меҳмонон – вакилони парлумон, рӯзноманигорон, ҳамкорону ҳамсафони марҳум ва меҳмонон аз Ӯзбекистон мақбараи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро дар деҳаи Панҷрӯд зиёрат карданд.

Сипас онҳо дар маҳфили гиромидошти Муродуллоҳ Шерализода, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Кулолӣ баргузор шуд, иштирок намуда, дар пояи нимпайкарааш гулчанбар гузоштанд. Иштирокчиён аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона ва толори варзиши таълимгоҳ, ки бо саҳми сокинони деҳаи Кулолӣ таҷдид шудаанд, боздид намуданд.
Ҳамчунин, меҳмонон ба хонамузеи Муродуллоҳ Шерализода, ки дар хонаи падариаш бо харҷи мақомоти иҷроияи шаҳр бозсозӣ шудааст, ташриф оварда, аз аксу нигораҳои ба рӯзгор ва фаъолияти марҳум марбут ошно шуданд. Оромгоҳи ин шахси роҳи ҳақиқат низ пурра навсозӣ гардида, мавриди зиёрати иштирокчиён қарор гирифт.

Ба гуфтаи масъулон, ба муносибати ин санаи муҳим дар зодгоҳи Муродуллоҳ Шерализода корҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, мумфашкунии роҳи байни деҳаи Кулолӣ оғоз ёфтааст.
Дар идомаи чорабиниҳо меҳмонон аз дастовардҳои фарҳангии Панҷакент – осорхонаи шоир Мастон Шералӣ, хонамузеи шоир Файзулло Ансорӣ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башаро, ки ба Феҳристи мероси башарии ЮНЕСКО шомил аст ва хонамузеи устод Лоиқ дидан карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ