шарҳи матбуот

Аз сикказаниву ришхарии наврӯзӣ дар “Тоҷикистон” то нигаронии “Минбари халқ”

Чун ба оғози ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои башумор мондааст, ин ҳафта нашрияҳои кишвар бештар ба баррасии мавзуҳои наврӯзӣ рӯй овардаанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” матлаби ҷолиберо бо номи “Аз сикказанӣ то ришхарӣ. Чанд лаҳзаи ҷолиб аз таърихи Наврӯз” ба нашр расонидааст, ки аз ҷумла дар порае аз он таҳти унвони “Сикка дар ҳафтсин аз куҷо пайдо шуд?” менависад: “Наврӯз дар баробари ҷашн будан лаҳзаи муҳим барои дуруст кардани корҳои давлатдорӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба шумор мерафт. Дар замони Сосониён одати наврӯзӣ чунон будааст, ки дар рӯзи нахустини соли нав — Навакрӯз ва ё Наврӯз пулҳои тангаро сикка мезадаанд. Он ҳамчун нишони оғози корҳои нав ба шумор мерафтааст. Имрӯзҳо мебинем, ки дар дастархони ҳафтсини наврӯзӣ сикка ва ё худ тангаро ҳам мегузоранд, ки он одат шояд боқимондаи сикказании замони Сосониён аст”.

Дар бахши “Ришхарӣ дар Наврӯз” бошад, гуфта мешавад: “Яке аз рисолатҳои ҷашни Наврӯз тозагӣ ва зебоипарастӣ аст. Хонатаконӣ, партофтани чизҳои нолозим ва амсоли инҳо ба хотири таъмини тозагӣ амалӣ мегардиданд. Дар таърих ришхарии наврӯзӣ ҳам ҷой доштааст. Дар замони султон Ҳусайн Мирзо дар Хуросон марде будааст, ки риши ғӯлаи дароз ва ғафс доштааст, ки бино бар навиштаи муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз он риш ҷӯли шутур сохтан мумкин будааст. Ғафсӣ ва азаммати риши ин мард ба тамоми мамлакат овоза гашта буд. Он мард бо риши азими худ дар дӯкон нишаста, мардумро ба моли дӯконаш ҷалб мекардааст. Дар фарорасии ҷашни Наврӯз Султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро ба амиронаш супориш медодааст, ки риши он мардро харидорӣ кунанд. Баъд аз харидани риш подшоҳ ба наққошон супориш медодааст, ки он ришро ба мисоли думи товус ранг карда, нақшҳо кашанд ва ороиши хубе созанд. Шояд ин амали хандаовар ба назар намояд, аммо Султон Ҳусайн Мирзо дар арафаи Наврӯз ҳам марди ришғафсро намеранҷонид, ҳам мардумро аз касифии он риш наҷот медод ва ҳам аз риши ӯ чизи тамошобоб омода мекард”.

Ҳафтаномаи “СССР” ҳам дар сармақолаи ҷолибаш бо номи “Аз дарвешона то Наврӯз ва баръакс…” анъанаҳои мухталифи наврӯзиро ба тасвир кашидааст.

Муаллифи ин матлаби хонданӣ аз ҷумла бо таассуф менависад: “Имрӯзҳо, мутаассуф, ҳама чиз сунъӣ шуда. Дуруст аст, ки Наврӯз байналмилалӣ шуд, ки муборакамон бод. Вале ҳамоно бар назарам, ки Наврӯз бояд сирф Ориёии Тоҷикӣ мемонд. Зеро Наврӯз байналхалқӣ ки шуд, мисли Синову Низомиву Форобӣ… онро низ аз мо мерабоянд. Имрӯзу фардо не… пасфардову садсолаҳо ба баъд…”.

— … Ва аммо суоле посух мехоҳад, ки чаро Наврӯз ва оини неки ниёконро имрӯз низ муллоҳои тоҷик «чап гирифтаанд»? Ба саҳ. 8 мурур кун ва мебинӣ, ки муллоҳои эронӣ зид не, ҳатто ҷонибдори Наврӯзанд!!!,- афзудааст муаллиф.

Ишора ба саҳифаи 8-и “СССР” мақолаи таҳлилиеро дар назар дорад, ки онро ҳафтаномаи “Фараж” низ таҳти унвони “Наврӯз – мероси ниёгон” ба нашр расонидааст.

Муаллифи матлаби мазкур сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ буда, аз ҷумла чунин изҳори хушҳолӣ мекунад: “Хушбахтона, иқдомоти хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон дар муаррифии «Наврӯз» сурат гирифтааст, вале боз ҳам ҷойи эҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёгонамон вуҷуд дорад. Бояд аз зарфияти Наврӯз ба унвони як амали умдаи ваҳдат ва таваҷҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳарчи наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард”.

— Густураи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ хидмати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгироии мантақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омили муҳим барои ин ҳамгироӣ аст, чаро ки ҷашни иди Наврӯз бо унвони «дипломатияи Наврӯз» метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд,- афзудааст сафир.

Ҳафтаномаи “Фараж” ҳамзамон матлаби дигареро дар ин мавзуъ таҳти унвони “Қаҳрамони Наврӯз” ба нашр расонида, навиштааст: “Бозор Собир, шоири шинохтаи мо дар бораи Бӯринисо Бердиева чунин гуфтааст: Наврӯзро ба минбари расмӣ аслан ӯ нишонд. Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад. Дигар касе Бердиеваро намедонад, ки ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёни ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ ман боре номи ӯро нашунидам».

Зимнан, ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суҳбатеро бо номи “Домулло Хомӯшӣ: Ислом бо Наврӯз мухолифат надорад” нашр кардааст.

“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳе аз мухолифати дини Ислом ба ҷашни Наврӯз ҳарф мезананд. Гӯё ба далели он ки Наврӯз мероси дини зардуштӣ ё оташпарастӣ аст, Ислом таҷлили онро манъ кардааст. Вале домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ин ақидаи ифротиро рад мекунад”,- менависад нашрия. 

— Наврӯз як ҷузъи фарҳанги мост ва идҳои Қурбону Фитр ҷузъҳои дигар. Ҳар кадом ба ҷои худ аст. Мо, тоҷикон тӯли 1400 сол аст, ки аз дини мубини Ислом пайравӣ мекунем ва баъзе суннатҳои исломро ба Наврӯз ва суннатҳои қадимаи миллиро ба дини Ислом ворид кардаем. Рӯзи идҳои Қурбону Рамазон тифлон хона ба хона мегарданду калонсолон барои онҳо туҳфа ё тухм медиҳанд, дар иди Наврӯз низ чунин аст. Бархе гумон доранд, ки мо ин анъанаро аз дини ислом омӯхтаем, вале чунин нест. Мардуми мусулмон ин суннатро аз Наврӯз гирифтаанд. Дар Наврӯз ояи Қуръон мехонанд ва вақте ки деҳқон ба киштукор шуруъ мекунад, аз пирон дуо мегирад. Ин аз дини Ислом гирифта шудааст. Хулоса, Наврӯз як ҷузъи фарҳанги миллии мост ва бо идҳои мусалмонӣ ҳеҷ ихтилоф надорад,- гуфтааст домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

Ҳарчанд Рӯзи матбуоти тоҷик гузашта бошад ҳам, ин ҳафта низ нашрияҳои даврии кишвар матлабҳои гуногун дар бораи матбуот ва мушкилоти он нашр кардаанд.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи декани факултети журналистикаи ДМТ Қутбиддинов Абдулмуминро бо номи «Матбуоти маҳаллӣ: марҳилаи рушд кай оғоз мешавад?!» чоп кардааст, ки аз мушкилоти ин навъи нашрияҳо гуфта мешавад.

Муаллиф қайд мекунад, ки «дар замони рушди воситаҳои электронии ахбор матбуоти даврӣ, аз ҷумла матбуоти даврии маҳаллӣ бояд усули кор ва таъиноти худро дигар кунад. Ба иборае, сохтор ва фаъолияти он бояд ба талаботи замон мувофиқ шавад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди нашрияҳои маҳаллӣ танҳо ба хотири «будан» вуҷуд доранд ва матолибашон нисбатан якранг, баъзан бознашр аз рӯзномаҳои марказӣ аст. Нашрияи даврии ҳар маҳал, пеш аз ҳама, инъикоскунандаи ҳаёти ҳамон маҳал аст. Он бояд мувафаққиятҳоро тарғиб ва камбудиҳоро холисона танқид кунад…».

Муаллиф андешаҳои худро бо гуфтаҳои зер анҷом медиҳад: «Гумон мекунем, то замоне, ки рӯзномахонӣ ба унвони як ниёз зарурат пайдо накунад, наметавон аз мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифтани нашрияҳои даврӣ интизорӣ кашид. Бинобар ин, мо бояд роҳҳоеро ҷӯё шавем, ки зарурат ва аҳамияти рӯзнома миёни омма бештару беҳтар дарк шавад».

Дар бораи матбуот матлабҳо аз Мурод Муродӣ «Аз воқеанигорӣ ба таҳлилгарӣ» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва «Сабақҳои дирӯзу мушкилоти имрӯзи матбуоти даврии тоҷик» дар «Садои мардум» нашр шудааст.

Дар рӯзномаи соҳавии Вазорати маориф ва илм — «Омӯзгор» мусоҳиба бо мудири шуъбаи инноватсионии таълим ва гузариш ба таҳсилоти 12-солаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Салоҳиддин Амонӣ нашр шудааст, ки мусоҳиб аҳамияти низоми 12-солаи таълимро баён намуда, аз баъзе давлатҳо мисол меорад.

Салоҳиддин Амонӣ афзалиятҳои ин низомро чунин баён кардааст: «Афзалиятҳои қабул ба синфи 1 аз 6-солагӣ, ташкили зинаи таҳсилоти ибтидоии 5-сола ва ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар синфҳои 11-12):

— фаро гирифтан ба муассисаҳои томактабӣ беҳтар ва тақрибан як баробар зиёд мегардад;

— дар зинаи таҳсилоти асосӣ (синфҳои 6-10) мушкили таъминот бо омӯзгорон ва ҷалби хароҷоти иловагӣ аз буҷети давлатӣ зуҳур нахоҳад кард;

— имкон фароҳам оварда мешавад, ки хонандагон дар 17-солагӣ муассисаи таълимиро хатм намоянд;

— дар ин синну сол (6-солагӣ) фардияти хонанда ошкор карда мешавад;

— хонандагони хурдсол оид ба муҳити атроф дониши лозима ҳосил карда, хоҳиш, шавқу завқ ва маҳорати хондан дар онҳо пайдо мегардад…».

Дар рӯзномаи «Минбари халқ» матлабе бо номи «Чаро мо забондон нестем?» нашр шудааст, ки муаллиф аз камтаваҷҷуҳӣ ба забони гуфтугӯии адабӣ нигаронӣ мекунад.

«Дар кишваре, ки зиёда аз 95 фоизи волидон саводнок ҳастанд, яъне ҳадди ақал таҳсилоти мактаби миёна ё ҳамагониро доранд, айб аст агар фарзандони мо забони модарӣ ва давлатии хешро надонанд. Аксари кӯдакони сухандони афғон ва ҳатто волидони онҳо хатро балад нестанд, мактаб нахондаанд, аммо забондонанд. Агар аз нигоҳи таҳлил ба ин масъала назар андӯзем, чанд паҳлуи ин мушкилотро бармало метавон дид»,- иброз медорад муаллифи мақола.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *