Аз таҳти дил бихандед!
Дурӯғ
Марде пайваста занашро меҳрубонӣ мекард:
– Гулам… Нозанинам…
Занаш хост, ки шавҳарашро барои ин навозишҳояш ба ҳаҷ фиристад. Ва шавҳарашро ба Ҳаҷ фиристод.
Ҳоҷӣ баъди баргаштан аз сафари ҳаҷ навозишро канор гузошт. Ҳамсари мард аз шавҳараш пурсид:
– Мардакҷон гапҳои зебо куҷо шуданд?
Мард гуфт:
– Ман аҳд кардаам, ки баъди ҳоҷӣ шудан дурӯғро тарк кунам!
Гелос
Ба марде ҳукми қатл медиҳанд ва қабл аз иҷрои ҳукм мегӯянд:
– Охирин хоҳиши худро гап занед.
Мард мегӯяд:
– Гелос мехоҳам.
Корманди суд мегӯяд:
– Охир, алҳол моҳи январ аст.
Мард мегӯяд:
– Ман интизор мешавам.
Бемор
– Чаро дирӯз дар дарс набудӣ?,- мепурсад устод аз талабае.
– Бемор будам,- ҷавоб медиҳад талаба.
– О, ман туро савори дучарха дидам ку!,- хитоб мекунад устод.
– Барои овардани духтур рафта будам,- посух медиҳад талаба.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ