Кайҳоннавардӣ — муҳимтарин дастоварди башар

Зиёда аз 60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин дар тамоми рўи ҷаҳон ҳамчун якумин кайҳоннавард шинохта гардид. Маҳз рўзи 12-уми апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рўи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳоннавардии таърихи башарро боз намуд.

Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон башарият дарк намуд, ки санаи 12-уми апрел чӣ гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт. Дар аввал ин рўз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел ҳамчун Рўзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид.

Ҳамзамон, Ассамблеяи Генералии СММ эътимоди амиқи худро «ба манфиати муштараки инсоният ба мусоидат ба омӯхтан ва истифодаи фазои кайҳон, ки мероси тамоми инсоният аст, ба мақсадҳои сулҳомез, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва идома додани талошҳо барои таъмини он, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд аз имтиёзҳои марбут ба ин бархӯрдор шаванд, эълон кард. Ин қатъномаи СММ мақоми ҷаҳонии умумибашарии ин ҳодисаро эътироф менамояд, ки ба парвози аввалини инсон ба фазои коинот алоқаманд аст. Маҳз аз ин рўйдоди таърихӣ омўхтани фаъоли кайҳон оғоз ёфт, ки натиҷаҳои онро тамоми ҷомеаи ҷаҳон истифода мебаранд.

Агар сухане дар бораи пайдоиши асри кайҳон биронем, хотиррасон кардан лозим аст, ки бисёр қувваҳо ва захираҳо ба омўхтани фазои кайҳон, сар додани нахустин моҳвораи сунъии Замин, омодагӣ ва татбиқи аввалин парвоз ба кайҳон барои таърихи тамаддуни башарӣ равона гардиданд. Ҳалли бомуваффақияти ин вазифаҳои минбаъдаи кайҳонӣ музаффарияти афкори эҷодкоронаи инсон, илм, технология, муҳандисӣ ва тамоми соҳаҳои марбут ба фаъолияти инсон мебошад. Аввалин кайҳонаварди Замин Юрий Гагарин ба кайҳон роҳ кушод, ки имрӯз барои бисёр парвозҳои кайҳонӣ саҳм гузоштааст ва шуури ҷаҳонбинии моро дар илм ва техника васеъ кардааст.

Имрўз, ки 62-юмин солгарди ин рўйдодро қайд менамоем, набояд аҳамияти он ва корнамоии Юрий Гагаринро фаромўш кард. Ҳаёти моро дигар бе алоқаи мобилӣ, Интернет, телевизион ва радио, натиҷаҳои аз масофаи дур санҷидани Замин, воситаҳои ҷойгиршавӣ ва чизҳои дигар тасаввур кардан мумкин нест. Ҳамаи ин натиҷаи тадқиқоти бомуваффақияти кайҳон, тасдиқи шумораи зиёди илмӣ, кашфиётҳо, таҳияҳо, таҷрибаҳо, пешгӯиҳо ва ҳисобҳои назариявӣ далели ин гуфтаҳост.

Ф. Ҷ. РАҲМАТУЛЛОЕВА,

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *