Қатли фармондеҳ. Ҷабҳаи муқовимат талафоти калон дод

Акмал Амирӣ, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва яке аз қумандонҳое, ки ошкоро низоми Толибонро танқид мекард, зимни як даргирӣ бо Толибон* дар Панҷшер ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора рӯзномаи «8-и субҳ» бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

“Манобеи муътамад дар суҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел дар ноҳияи Шатели Панҷшер ҳамроҳ бо чанд нафар афродаш кушта шудааст”,- навиштааст рӯзнома.

Ба гуфтаи манбаъ, Толибон ба мавқеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволии Саланги вилояти Парвон ҳамла кардаанд ва пас аз ин ҳамла Акмал Амирӣ ва зердастонаш аз куҳистон ба сӯи вулусволии Шатели Панҷшер ҳаракат мекарданд, ки ба камини Толибон дучор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Хуросонӣ, волии Толибон дар Аҳмадободи Пактиё дар суҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки афроди ӯ Акмал Амирӣ ва ҳашт сарбозашро дар вулусволии Шател куштаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин даргирӣ чанд тан аз аъзои Акмал Амирӣ ба дасти Толибон асир афтодаанд.

Алим Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабари кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ карда, дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки “мубориз ва қаҳрамони орзуи адолату озодии халқи мо, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳамсафонаш ҷоми шаҳодатро дар роҳи шаъну шараф ва озодии Ватан нӯшиданд”.

Дар робита ба ин, Назарӣ ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, навиштааст, ки “ҳар қатраи хуни шаҳидони муқобилати халқи афғон ба решаҳои ҳаққонии талаби озодӣ, шаъну шараф ва адолат об дода, моро ба ғалаба наздик мекунад”.

Акмал Амирӣ яке аз фармондеҳони неруҳои вижаи ҳукумати қаблии Афғонистон буд, ки пас аз суқути он ба Панҷшер рафт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *